Нерӯҳои мусаллаҳ
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Нерӯҳои мусаллаҳ (Артиш[1]) — маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре ҳастанд, ки барои посдории худсолорӣ ва нигаҳбонии якпорчагии кишвар аз дастдарозии душманон созмон ёфтаанд.
Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «пасинсозӣ» (англ. back-formation) аз «артишдор» сохта шуда, ки дар фарҳангҳо «разманда, сипоҳӣ, лашкарӣ» таъбир шудааст. Ин вожа дар порсии миёна «artēštār» (‘сарбоз’, ‘лашкарӣ’, ‘ҷанговар’, ‘сипоҳӣ’) буда, ки аз вожаи авестоии «raθaē-štar-» (‘гардунасавор’, ‘разманда’; аз «raθa-» – ‘гардуна’ + «štar-» – ‘истода’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. Вожасозон ин вожаро сохташуда аз «артиш» + «-дор» ба маънии «дорандаи артиш, сипаҳбад» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «сипоҳ, лашкар» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор бурданд[2].
Хешкории нерӯҳои мусаллаҳ иборат аст аз:
Нерӯҳои артишҳо аз замонҳои бостон то садаҳои миёна бештар пиёда ва савора буданд ва бо шамшер, найза, гурз, каманд ва манҷаниқ меҷангиданд. Вале акнун нерӯҳои артиш бо ҷангафзорҳои пешрафтае чун туфангҳои дорои дурбинҳои фурӯсурх, тӯп, тирбор, мушакҳои дӯшпартоб, тонк ва чархболу ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз шудаву дар замин, дарё, ҳаво ва фазо меҷанганд.
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон нерӯҳои мусаллаҳ ба се шоха тақсим мешаванд:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.