Нақшбандия
From Wikipedia, the free encyclopedia
Нақшбанди́я (форсӣ: نقشبندیه, ар. الطريقة النقشبندية) — яке аз машҳуртарин силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар садаи XIV таъсис ёфтааст. Асосгузораш Баҳоваддини Нақшбанд. Дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши муҳим бозидааст. Дар интишори нақшбандия Хоҷа Муҳаммади Порсо, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва дигарон саҳми муҳим доштанд. Нақшбандия давоми мантиқии силсилаи хоҷагон мебошад.