From Wikipedia, the free encyclopedia
Нау́м Иса́евич Гре́бнев (номи хонаводагии аслиаш — Рамбах; 20 ноябр 1921, Ҳорбин[d], Heilungkiang[d] — 2 январ 1988, Маскав) — шоир ва тарҷумони рус.
Хатмкардаи Институти адабии ба номи М. Горкийи Маскав (1949). Дар ҶБВ (1941—1945) ширкат кард. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Кори ҳақ» (1947)-ро ба ҳамяроқонаш бахшид. Минбаъд ба кори тарҷумонӣ пардохта, осори шоирони арман, гурҷӣ, қирғиз, тотор, туркман, ӯзбек ва мардумони дигарро ба русӣ баргардонид. Муддате дар Доғистон зиста, забони халқҳои Қафқози Шимолиро омӯхт. Ашъори Расул Ҳамзатов ва дигар шуарои Доғистон, Чеченистон, Кабардину Балқар, Абхозистонро ба русӣ тарҷума кард. Хидмати Наум Гребнев дар тарғибу ташвиқи ашъори адибони форс-тоҷик бузург аст; намунаҳо аз осори Ҷалолуддини Румӣ, дигар намояндагони адабиёти гузашта ва муосирро ба забони русӣ бо маҳорати баланд баргардон кардааст. Дар тарҷумаҳояш мазмунҳои бикру оҳангҳои ғоявии намунаҳои аслро дақиқ ифода намудааст. Осори тарҷумакардааш дар маҷмӯаҳои зиёд ба табъ расидаанд.
Бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.