Навори Ғазза
From Wikipedia, the free encyclopedia
Навори Ғазза (ар. قطاع غزّة , ибрӣ: רצועת עזה retsuat aza]) — ноҳияест наворгуна, ки дар канори дарёи Мадитарона (Миёназамин) ва дар минтақаи Ховари Миёна қарор дорад. Кишвари Фаластин шомили ду минтақаи ҷудо аз ҳам ба номҳои Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва бахши худгардони Навори Ғазза аст, ки дар ду сӯи Исроил қарор доранд ва ин ду бо ҳам сарзамини Фаластинро ташкил медиҳанд. Каронаи бохтарӣ дар шарқи сарзамини Фаластин ва Ғазза дар ҷануби ғарбии он аст.
Парчам | |
Таърихи таъсис | 1949 |
---|---|
Номида ба шарафи | Ғазза |
Аҳолӣ | gazià[1], gaziana[1], gazians[2], gazianes[2] ва Gazans |
Қитъа | Осиё |
Кишвар | |
Пойтахт | Ғазза |
Минтақаи замонӣ | UTC+02:00 ва UTC+03:00 |
Шакли заминӣ | Data:Gaza Strip.map |
Баландтарин нуқта | Abu Auda[d] |
Сарвари ҳукумат | Yahya Sinwar[d] |
Шумораи аҳолӣ | |
Пули миллӣ | Шеқели нави Исроил[6] |
Ҳаммарз бо | Миср ва Исроил |
Speed limit | 80 км/соат |
Ишорашуда дар китоби | Gaza mon amour[d] |
Масоҳат |
|
Тавзеҳот дар сомонаи | btselem.org/topic…(англ.) |
Economy of topic | economy of the Gaza Strip[d] |
Рамзи давлатии телефон | +970 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Навори Ғазза аз ҷануби ғарбӣ бо Миср ва аз шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Навори Ғазза дарозои 41 километр ва паҳнои 6 то 12-километрӣ ва масоҳате баробари 360 километри мураббаъ дорад. Навори Ғазза номашро аз шаҳри Ғазза, ки бузургтарин шаҳр дар минтақаи Навори Ғазза аст, мегирад. Бахшҳое аз ҳамин сарзамини кӯчак ҳам ба унвони минтақаи Ҳоил миёни Ғазза ва Исроил ба шумор меояд ва аз ин рӯ, барои ғаззаиҳо истифода аз он нашуданӣ аст.
Дар соли 2020 беш аз 1 миллиону 900 ҳазор тан дар Ғазза зиндагӣ мекунанд, ки ҳамагӣ фаластинӣ ҳастанд. 98 то 99 дарсади мардуми Ғазза, мусулмони суннӣ, камтар аз як дарсад масеҳӣ ҳастанд. Шумори каме ҳам бединанд ё дини худро эълом накардаанд. То соли 2005 шуморе аз яҳудии асроилӣ низ дар Ғазза сокин буданд, вале бо ҷудо шудани сукунатгоҳҳо, яҳудиён онҷо зиндагӣ намекунанд. Мардуми Ғазза ба арабӣ сухан мегӯянд, вале ду забон — ибрӣ ва англисӣ низ миёни фаластиниён ривоҷ дорад. Ғазза ҷамъияте бисёр ҷавон (18 сол миёнгин) дорад.
Ҷамъияти бисёр бузург нисбат ба мизони андаки замин, ба ҳамроҳи нархи борварӣ ва рушди ҷамъияти болоии Ғазза (2/13 дарсади солона) ба зичии ҷамъиятии бисёр боло (5/328 тан дар ҳар километр мураббаъ) анҷомида, ки аз ин дид Ғазза дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз зичтаринҳост. Танҳо ду кишвари мустақили ҷаҳон (Мокоъу ва Сингапур) зичии ҷамъиятии беш аз ин доранд. Бо чунин ҷамъияти бисёре, ба гузориши соли 2018 Созмони милали муттаҳид, Ғазза то сол 2020 дархур зист нахоҳад буд.