From Wikipedia, the free encyclopedia
Насруллоҳ Муъин Наҷафободӣ (форсӣ: معین) — машҳуртарин сарояндаи форсизабони Эрон. Сурудҳои ӯро дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, мамолики арабу Туркия ва Амрикову Аврупо гӯш мекунанд.
форсӣ: معین | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 19 январ 1952 (72 сол) |
Зодгоҳ | Исфаҳон |
Солҳои фаъолият | 1973 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | мусиқидон, овозхон, таронасаро, овозхони истудиё |
Соз | ъуд |
Сабк | мусиқии поп, ҷоз[d], trance[d], мусиқии рақсӣ, попи эронӣ[d] ва мусиқии суннатии эронӣ[d] |
Ношир(он) | Avang Music[d], Caltex Records[d] ва Taraneh Records[d] |
moeinmusic.com yektamusic.com/tag/moein/ |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муъин соли 1951 дар маҳаллаи Наҷафободи шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Исфаҳонро он замон шаҳри ҳунармандону ҳунармандон мешинохтанд. Муин зодгоҳашро хеле дӯст медошт. Замоне, ки Теҳрон маркази санъату ҳунар гардид Муъин ба он ҷо нарафт ӯ дар Исфаҳон – дар меҳонхонаи «Шоҳ Аббос» ҳунарнамоӣ мекард, то даме ки бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан гуфт. Дар бораи муҳаббати беандозаи Муъин ба зодгоҳаш, пурсӯзу гудоз иҷро намудани суруди машҳури «Бозам михом ба Исфаҳон баргардам» аст.
Муъин соли 1982 баъд аз сурудани суруди «Якеро дӯст медорам» аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кардааст. Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ иброз доштааст, ки ин сурудро пас аз Ҳоида (сарояндаи машҳури он замон) сурудааст. Вале Муъин ин сурудро ба таври худ сурудааст ва маҳз он ба ӯ шуҳрат овардааст. Дар солҳои минбаъда албомҳои Муъин аз сабаби ошкорбаёнияшон (ки дар Эрон мамнӯъ буд) ва дар мавзӯи муҳоҷирату ғарибӣ буданашон диққати муҳоҷирини эрониро бештар ба худ ҷалб карданд. Албомҳои «Каъба», «Ҳавас», «Исфаҳон», «Мепарастам», «Париче» пазироии ҳамагон гардиданд. Сабки сурудани Муъин чунон марғуб буд, ки сурудаҳояш натанҳо дар Эрон, балки дар Аврупову Амрико, ки аз муҳоҷирони эронӣ пур шуда буданд, машҳур гардиданд. Ҳаводорони Муъин дар Тоҷикистон низ хеле зиёданд ва ба хотири онҳо дар "Кохи Борбад" Муъин консерти худро баргузор карда буд.
Дар айни замон Муъин 23 албом ва як суруди берун аз албомҳояшро (суруди «Танини сулҳ» бо ҳамроҳии Муртазо, Андӣ, Куруш ва Фаттона) пешниҳоди мухлисонаш гардонидааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.