From Wikipedia, the free encyclopedia
Мирзоюсуфи Фозил (Мирзоюсуф Фозилзода, маъруф ба Эшони Мирзоюсуф; 1956, Оббурдон, Мастчоҳ — 25 сентябри соли 2016, Мастчоҳ) — олим ва орифи раббонӣ, бародари ориф ва шоири тоҷик Домулло Абдуррашиди Фозил
Эшони Мирзоюсуф | |
Таърихи таваллуд | 1956 |
Зодгоҳ | деҳаи Оббурдон, ноҳияи Масчо, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 25 сентябр 2016 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Масчо |
Фазои илмӣ | ориф |
Мирзоюсуфи Фозил маъруф ба «Эшони Мирзоюсуф» дар соли 1956 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ чашм ба дунё гушуда. Ӯ улуми ибтидоии исломӣ ва сатҳро дар маҳзари қиблагоҳи худ Эшони Махдум — ки яке аз донишмандони маъруф дар водии Зарафшон ва Истаравшан буда — фаро гирифт ва ҳамчунин адабиёти порсӣ ва низ «Маснавии Маънавӣ»-ро ҳам дар назди падари худ омӯхтааст.[1]
Мирзоюсуф табаҳҳуре фавқулода дар адабиёти порсӣ ва ба хусус адабиёти ирфонӣ ва ба вижа дар «Маснавӣ» дошт, ҳамчунин тасаллути вай дар улуми исломӣ аз қабили тафсири Қуръони Карим ва ирфони исломӣ камназир буд. Ӯ солҳои 1997—1999 риёсати бахши ҲНИТ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт ва низ муддате узви Риёсати Олии ҲНИТ буд.
Мирзоюсуф шогирдони фаровонеро тарбият ва парвариш карда ва муддате имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар ноҳияи Мастчоҳи нав (Бӯстон) буд. Ин олими раббонӣ ашъори ирфонии зиёде суруда, ки порае аз он ашъор дар ду асари барҷоймонда аз вай, яъне «Меҳроби меҳр» ва «Наҷвои дил» ҷой гирифтаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.