From Wikipedia, the free encyclopedia
Мирзошафеъи Возеҳ (форсӣ: میرزا شفیع واضح, озарбойҷонӣ: Mirzə Şəfi Vazeh; 1796, Ганҷа — 28 ноябри 1852, Тифлис) — шоир, адиб ва рӯшанфикри озарбойҷонӣ.
озарбойҷонӣ: میرزا شفیع واضح | |
Тахаллусҳо: | Вазех |
Таърихи таваллуд: | 1794[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 ноябр 1852 ё 1852[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | байт ва шеър[d] |
Забони осор: | озарбойҷонӣ ва форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таълими ибтидоиро аз донандаи забону адабиёти форсӣ — классики адабиёти Озарбойҷон Мулло Паноҳ гирифта, баъдан худомӯзӣ кардааст. Возеҳ соли 1826 дар Ганҷа мактаби хусусӣ кушода, дар он аз хаттотӣ, адабиёти форсию туркӣ дарс медод. Мутафаккири бузурги Озарбойҷон М. Ф. Охундов шогирди ҳамин мактаб буд. Соли 1850 Возеҳ дар Тифлис маҳфили адабии «Девони ҳикмат»-ро ташкил дода, то охири умр сарвари он буд.
Возеҳ ба се забон — форсӣ, озарбойҷонӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Муҳити адабиву иҷтимоии Тифлис шеъри Возеҳ-ро рӯҳан неруманд сохт ва ба зиндагии мардум наздик кард. Шоир хушиҳои зиндагиро тараннум ва нуқсонҳои ҷамъиятро тасвир кардааст. Осори Возеҳ аз тарафи шоир ва сайёҳи олмонӣ Фридрих Боденштедт (1819-92) ба забони олмонӣ ва забонҳои дигари аврупоӣ тарҷума кардаву ба табъ расонда шуд.
Пажӯҳишгарони озарӣ А. Аслонов, З. Оруҷев, Ф. Содиқзода. Н. Ҳасанзода ба тарҷума ва таҳқиқи осори Возеҳ машғул буданд. Саҳван пажӯҳишгари озарӣ А. Саидзода як қисми шеърҳои шоири тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳро бо осори Возеҳ як дониста, онро ҳамчун осори Возеҳ ба табъ расондааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.