Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо ( урду: وفاقی قبائلی علاقہ جات англ. Federally Administered Tribal Areas, FATA ) инчунин Минтақаи қабилавӣ номида мешавад як минтақаест, ки дар шимолу ғарби Покистон мавҷуд аст, дар байни иёлати Хайбер-Пухтунхво (собиқ Минтақаи Сарҳади Шимолу Ғарбӣ) ва сарҳад бо Афғонистон ҷойгир шудааст. Дар шимол бо Афғонистон, дар шарқ бо Хайбер-Пухтунхво ва дар ҷануб бо Балуҷистон ҳамсарҳад аст . Масоҳаташ - 27 219 км².

Thumb
Тақсимоти маъмурии Иёлати Хайбер-Пухтунхво (ранги сабз) ва ҳудудҳои минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо (ранги кабуд)
Quick Facts Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо, Кишвар ...
Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо
англ. Federally Administered Tribal Areas
урду: وَفاق کے زیر اِنتظام قَبائلی عَلاقَہ جات‎
пашту: فدرالي قبايلي سيمې‎
Thumb
Thumb Thumb
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1 июл 1970
Таърихи пошхӯрӣ 31 май 2018
Масоҳат
  • 27 220 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 4 452 913 тан
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-TA
Вебгоҳи расмӣ
Thumb
Thumb
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close

Таърих

24 майи соли 2018 Маҷлиси Миллии Покистон барои муттаҳид кардани МИФҚ ва МСШҒ розӣ шуд . 25 май сенат ин масъаларо баррасӣ кард. 31 май қаламрави Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо (МИФҚ) ба иёлати Хайбер-Пухтунхво (собиқ Минтақаи Сарҳади Шимолу Ғарбӣ) ҳамроҳ карда мешавад .

Сохтори ҳукумат

Ба таври васеъ, Минтақаи қабилаҳо аз ҷониби Толибон назорат карда мешуд. Тибқи конститутсияи Покистон, салоҳияти судҳои Покистон (алалхусус Суди Олӣ ) ба қаламрави Минтақаи қабилавӣ дароз карда нашудааст.

Ин қаламрав ба ягон иёлати кишвар дохил набуд ва худи иёлат набуд. Маркази маъмурии МИФҚ шаҳри Пешовар буд, ки худ қисми он набуд, балки пойтахти иёлати Хайбер-Пухтунхво буд .

Тақсимоти маъмурӣ

Аз ҷиҳати маъмурӣ ба ҳафт Минтақаҳои қабилавӣ ва шаш Минтақаҳои наздисарҳадӣ тақсим карда шудааст.

Thumb
Минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федеролӣ назоратшаванда (FATA)

Минтақаҳои қабилавӣ

  1. Баҷаур
  2. Куррам
  3. Моҳманд
  4. Оракзай
  5. Вазиристони Шимолӣ
  6. Хайбер
  7. Вазиристони Ҷанубӣ

Минтақаҳои наздисарҳадӣ

  1. Банну
  2. Дера Исмоилхон
  3. Коҳат
  4. Лакии Марват
  5. Пешовар
  6. Танк

Нигаред

Адабиёт

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.