From Wikipedia, the free encyclopedia
Милан (итол. Milano [miˈlaːno], лот. Mediolanum — «дар маркази ҳамворӣ») — шаҳри муҳимтарини Итолиёи Шимолӣ, Маркази маъмурии вилояти Ломбардия, аз ҳама ноҳияи калонтарини Итолиё, ва Милан (провинтсия). Милан — дуюм шаҳри калонтарини Итолиё буда пойтахти моливу-иқтисодии Итолиё ва пойтахти ҷаҳон барои муд (мода) ба ҳисоб меравад.
Нишони имрӯзаи Милан салиби сӯрх дар заминаи нуқрагин аст. Ҳамин гуна салиб дар парчами Милан омадааст. Дар болои сипари нишон тоҷ ба монанди девори қалъа бо панҷ бурҷ ки барои нишонҳои шаҳрҳои Аврупо қабул шудааст (corona muralis), воқеъ дорад. Сипар бо гулчамбар иҳота шуда аз ду қисм иборат аст, яке шохаи дарахти ғор ва дигаре аз шохаи дарахти булут аст.
Гумон аст, ки Миланро қабилаи келтҳои Итолиёи Шимолӣ бунёд кардаанд, тақрибан соли 600 п.м.[1] Пас аз запт кардани Милан аз ҷониби римиҳо номи шаҳро Медиолан (лот. Mediolanium или Mediolanum) ном карданд, тақрибан соли 222 п.м.
Дар асри IV милодӣ, дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Феодосий I, шаҳр бо Рум ва Равена рақобат мекард барои шаҳри марказӣ шудани шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ.
Дар соли 1045 Милан худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол (коммуна) эълон кард. Дар ин байн мубориза байни комуннаҳо сар зад барои соҳиби мансаб шудан дар Ломбардия бо ҳамин гуна коммунаҳо Павия, Кремона, Комо ва Лоди. Соли 1111 Лоди мағлуб гашт ва 16 сол пас аҳли милан Комо-ро ҳам шикаст доданд.
Бе ниҳоят пурзӯр гаштани аҳли Милан шоҳаншоҳ Фридрих Барбароссаро дар ташвиш андох ва ӯ бо аскарони худ вориди Итолиёи Шимолӣ шуд. Истиқлоли Милан соли 1162 ба охир расид. Пас аз мӯҳосираи нӯҳмоҳа, шаҳр запт ва ғорат карда шуд аз ҷониби аскарони шоҳаншоҳ. Бошандагони шаҳр парешони деҳот шудан ва ҳама устувориҳое ки вуҷуд дошт, хароб гаштанд. Соли 1167 Милан аз нав бо қувваҳои иттиҳоди шаҳрҳои Ломбардия бунёд гашт. Бо кӯшиши якҷояи коммунаҳо, шоҳаншоҳро дар Леняно шикаст доданд (1176).
Иқлими Милан | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 23,1 | 24,8 | 28,3 | 31,9 | 35,0 | 37,2 | 38,3 | 38,2 | 35,1 | 30,0 | 22,4 | 18,9 | 38,3 |
Максимуми миёна, °C | 6,4 | 9,0 | 14,1 | 17,3 | 22,0 | 25,8 | 28,6 | 27,9 | 23,6 | 17,3 | 10,6 | 7,0 | 17,5 |
Ҳарорати миёна, °C | 1,1 | 2,9 | 7,7 | 11,4 | 16,4 | 20,3 | 23,0 | 22,2 | 17,9 | 12,5 | 6,3 | 2,0 | 12,0 |
Минимуми миёна, °C | −3,1 | −2,7 | 1,4 | 5,3 | 10,4 | 14,3 | 16,8 | 16,7 | 12,7 | 7,8 | 2,1 | −2,5 | 6,6 |
Минимуми мутлақ, °C | −17,3 | −17,8 | −11,1 | −4,9 | 1,2 | 1,2 | 7,5 | 7,8 | −0,7 | −2,9 | −9,1 | −14,3 | −17,8 |
Андозаи бориш, мм | 64 | 63 | 82 | 82 | 97 | 65 | 68 | 93 | 69 | 100 | 101 | 60 | 944 |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.