From Wikipedia, the free encyclopedia
Меҳрубон Ориф қизи Алиева (озарбойҷонӣ: Mehriban Arif qızı Əliyeva; зод. 26 август 1964, Боку) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятии озарбойҷон. Нахустин ноиби президенти Озарбойҷон аз 21 феврали соли 2017, ҳамсари президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев.
Mehriban Əliyeva | |
аз 21 феврали соли 2017 | |
Нахуствазир | Артур Расизода |
Президент | Илҳом Алиев |
Пешгузашта | вазифа таъсис ёфт |
аз 6 ноябри соли 2005 | |
Таваллуд |
26 август 1964 (60 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Меҳрубон Ориф қизи Пошоева |
Падар | Arif Pashayev[d] |
Модар | Aida Imanguliyeva[d] |
Ҳамсар | Илҳом Алиев |
Фарзандон | Лайло Алиева[d], Arzu Alieva[d] ва Heydar Aliev[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои фалсафа[d] |
Унвони илмӣ | профессор |
Эътиқод | ислом |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | mehriban-aliyeva.az |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вакили Маҷлиси Миллии Озарбойҷон аз соли 2005, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба робитаи байнипарлумонии Озарбойҷону Фаронса, президенти Фонди Ҳайдар Алиев ва Фонди дӯстони фарҳанги Озарбойҷон, президенти Федератсияи гимнастикаи Озарбойҷон, сафири неиродаи ЮНЕСКО, СММ, ТКИ ва ИСЕСКО.
Меҳрубон Пошоева 26 августи соли 1964 дар Боку таваллуд шудааст. Бобои падариаш, нависанда ва адабиётшиноси озарбойҷонӣ Мир-Ҷалол Пошоев зодаи Эрон буд. Падар — Ориф Пошоев, ректори Академияи авиатсияи миллӣ мебошад.
Бобои модариаш — Носир Имонгулиев рӯзноманигори маъруфи Озарбойҷон буд. Духтари ӯ, модари Меҳрубан Алиева, Аида Имонгулиева арабшинос мебошад, солҳои тӯлонӣ ба ҳайси директори Институти Шарқшиноси АИ Озарбойҷон кор кардааст.
Дар соли 1982 Меҳрубан мактаби миёнаи № 23-и шаҳри Бокуро бо медали тило хатм кард. Худи ҳамон сол вай ба Донишкадаи давлатии тиббии Озарбойҷон дохил шуда, пасон омӯзишро дар аввалин донишкадаи тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов давом дод, ки бо дипломи сурх соли 1988 онро хатм намуд. Замони таҳсил дар муассисаи олии таълимӣ оиладор шуд ва ду фарзанд таваллуд кард.
Меҳрубон Пошоева бо Илҳом Алиев 22 декабри соли 1983 оиладор шуд. Онҳо соҳиби ду духтар, Лайло (с.1985) ва Орзу (с.1987) ва як писар Ҳайдар (соли 1997) ҳастанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.