From Wikipedia, the free encyclopedia
Абуабдуллоҳ Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ, маъруф ба Мансури Ҳаллоҷ (ар. منصور الحلاج; тақрибан 858[1][2][3][…], Восит, устони Форс, Хилофати Аббосиён — 26 март 922[4][2], Бағдод, Ироқ, Хилофати Аббосиён) — сӯфӣ, шоир ва орифи форс-тоҷик, муаллифи «Тосину-з-зил ва ҷавоҳир-ул кабир», «ал-Кибрит ило ҳамр», «Ҷисму-л-кабир», «Ҷисму-с-сағир» ва «Бистону-л-маърифат».
Мансури Ҳаллоҷ | |
---|---|
араб. ар. الحسين بن منصور الحلاج | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, ориф, омӯзгор, нависанда |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 858[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 март 922[4][2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом, алавиён[d] ва тасаввуф |
Самти фаъолият: | тасаввуф |
Устодон: | Саҳли Тустарӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Ҳусайн бинни Мансури Халлоҷ дар Байзои форс мутаваллид шуд ва дар кӯдакӣ ба ҳамроҳии падараш, ки шояд Ҳаллоҷ буда, ба Восит (Канори Даҷла) – марокизи нассоҷии он рӯзгор сафар кардааст. Забони мардуми Восит арабӣ буда, бештари аҳолии он ҳам аҳли суннат ва ҳанбалимазҳаб буданд[5].
Падараш, ки пешаи ҳаллоҷӣ (пахтазанӣ)-ро дошт ва аз ин сабаб Мансур бо тахаллуси Ҳаллоҷ машҳур шуд. Дар ҷавони шавқу алоқаи фавқулодда ба зӯҳду риёзат дошт. Аввал муриди Саҳли Тустарӣ буд ва ҳамроҳи устодаш ба Басра омада, аз дасти Умари Маккӣ ва Ҷунайди Наҳовандӣ хирқаи дарвешӣ пӯшид. Баъд мусофират кард ва дар мулки Форсу ҳинду Чин мазҳабҳои гуногунро омӯхт ва даъвои ҳулулу иттиҳод кард. Фаридиддини Аттор Мансури Ҳаллоҷро нуқтаи олии инкишофи афкори тасаввуфӣ меномад. Аксари ҳакимон, аз қабили Абӯсулаймони Мантиқӣ, Абӯҳайёни Тавҳидӣ, Абулҳасани Дайламӣ тозагии ақидаҳои ирфонии Мансури Ҳаллоҷро дар осорашон оварданд. Роҷеъ ба таълимоти Ҳаллоҷ баъди маргаш низ байни мутасаввифон ақидаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Баъзеҳо ӯро пайрави таълимоти «ваҳдати вуҷуд» ҳисобиданд. Бино ба маълумоти маъхазҳо Ҷалолуддинӣ Румӣ ва баъди ӯ Алоуддавла Симнонӣ, Алии ҳамадонӣ, Маҳмуди Ҷаҳониён, Аҳмади Сарҳиндӣ ва Абулқодири Бедил муътақиданд, ки Ҳаллоҷ дар таълимоташ «ваҳдати шуҳуд»-ро қоил аст[6].
Ин орифи ҷонбохта бо шӯру шааф ва исёну туғёнҳои азиме бар дили як фирқае аз мардум зилзилаҳову ғулғулаҳо овард ва то имрӯз овозаи ҷаҳонгираш ба фаромӯшӣ нарафтааст. Ҳусайни Мансур дар гунбади афкори орифон рояти пирӯзиро афроштааст ва ин рояти парафшон шефтагони роҳи ҳақиқатро чун нури ҳидоят ба идомаи роҳ мехонад. Вай ҷаҳони ислому олами тасаввуфро ба ҳаяҷон ва таҳрик овард ва мухолифону мувофиқони бисёр пайдо кард. Ӯ ваҳдати вуҷуд ва фанофиллоҳро ранги дигар дод, ки аз он ба ҳулулу иттиҳод таъбир кардаанд. «Аналҳақ» — гуфтани ӯро илҳод ва куфр дониста пиндоштаанд, ки Мансур даъвои худоӣ мекунад. Аммо Ҳаллоҷ мегуфт: «Ҷуз Худо ҳеч чиз нест ва ману мову ту нестем ва ҳама Ӯст».[7]
Мансури Ҳаллоҷ яке аз машҳуртарин чеҳраҳои шинохтаи адабиёти араб аст. Муҳаққиқон китобҳои Ҳусайни Мансурро баршуморидаанд, ки ба 46 баробар аст[7].
Аз осори гаронқадри Ҳаллоҷ миқдори каме то замони мо боқӣ мондааст ва ин миқдори кам аз навиштаҳо ва суханони ӯро ҳам дӯстон ва ҳам душманонаш дар нигоштаҳои худ овардаанд, ки ахиран тавассути донишманди фаронсавӣ Луйи Масиниюн гирдоварӣ ва нашр шудаанд. Осори мавҷуди ӯ алъон ба таври зайл аст: «Ашъори Ҳаллоҷ», ки ба забони арабӣ навишта шудааст ва муштамил бар 349 байт аст; «Тосин-ул-азал» рисолаи ирфонӣ бо лафзҳову ибороти печида, ки ин китобро Рубехонии Буқлӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда ва бар он шарҳе навиштааст. Суханони Ҳаллоҷ ва ривоте дар бораи ӯ аз сарчашмаҳои таърихӣ.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.