Леонид Говоров
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Говоров Леонид Александрович (22 феврал 1897[1][2][3], Yaransky Uyezd[d], Vyatka Governorate[d] — 19 март 1955[4][1][2][…], Маскав[4]) — фармондеҳи ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1944), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945). Ширкаткунандаи Ҷанги якуми ҷаҳон.
Солҳои 1918-19 дар сафи артиши адмирал А. В. Колчак хидмат карда, соли 1920 ихтиёран ба сафи Артиши Сурх гузашт. Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1932) ва Академияи Ситоди генералӣ (1938). Дар ҷанги ИҶШС ва Финландия солҳои 1939-40 сардори ситоди артиллерии Артиши 7-ум буд. Ҷонишини нозири генералии Сарраёсати артиллерия (1940-41). Аз оғози ҶБВ (1941-45) дар Самти ғарб ҷангидааст. Аз 22 июли 1941 фармондеҳи Артиши 5-уми назди Маскав, аз апрели 1942 фармондеҳи лашкарҳои Ҷабҳаи Ленинград, аз июни 1942 то итмоми ҷанг фармондеҳи Ҷабҳаи Ленинград буд. Ба амалиёти рахна кардану (1943) барҳам задани (1944) муҳосираи Ленинград ва озодкунии давлатҳои назди Балтика, аз октябри 1944 ба амалиёти ҷабҳаҳои Ленинград, 2-юм ва 3-юми назди Балтика роҳбарӣ кардааст. Солҳои 1945-47 фармондеҳи воҳидҳои ҳарбии Округи ҳарбии Ленинград, сарнозири сипоҳҳои хушкигард, аз соли 1948 фармондеҳи сипоҳҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва муовини вазири ҳарбӣ, аз соли 1954 сарфармондеҳи сипоҳи Мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва муовини вазири мудофиаи ИҶШС буд. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2-4).
Бо 5 ордени Ленин, ордени «Ғалаба», 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени Кутузов (дараҷаи 1), ордени Ситораи Сурх, 3 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.