From Wikipedia, the free encyclopedia
Лашкар (форсӣ: لشکر[1]) — ягоне роҳкунишӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки бузургтар аз гунд ва хурдтар аз сипоҳ буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].
Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[5]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[6], гунд (паҳлавӣ: gund < эҳтимолан аз *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’ дар забони эронии бостон[7]) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[8].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме як ҳазор размандаро дар бар мегирифт[9]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[10].
Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar < порсии бостон: *raxša-kara- ‘посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kar- ‘посдорӣ кардан’)[7] низ ба кор мерафтааст[11]. Истилоҳи «лашкар» дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[13]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[12].
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان < муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون < фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[14], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.
«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» оварда шудааст.
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja < лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[15].
Лашкар аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сарбозро дар бар мегирад. Дар бисёре аз артишҳо як лашкар аз чанд гунд ташкил мешавад. Лашкарҳо маъмулан бо шумораҳои тартибӣ номгузорӣ мешаванд (барои намуна, Лашкари 201 Русия дар Тоҷикистон). Ҳамчунин радаҳои гуногун ба номи лашкарҳо афзуда мешавад, чун лашкари пиёда, лашкари зиреҳӣ, лашкари савора.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.