From Wikipedia, the free encyclopedia
Лоуренс Эдвард «Ларри» Пейҷ (англ. Lawrence Edward «Larry» Page ;[5] 26 марти 1973, Лансинг, Мичиган, ИМА) — падидовар (тавсеадиҳанда -разработчик) ва ҳаммуассиси (дар якҷоягӣ бо Сергей Брин) системаи ҷустуҷӯии Google[6][7] ба ҳисоб меравад.
англ. Larry Page | |
Таърихи таваллуд | 26 март 1973[1][2][3] (51 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | корофарин, муҳандиси роёна, муҳандис |
Завҷа | Lucinda Southworth[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пейҷ директори иҷроияи (CEO) ширкати модарии Google Alphabet мебошад. Ӯ 4 апрели соли 2011, дубора директори Гугл шуд ва пас аз истеъфо аз мақоми мудири Гугл дар моҳи августи соли 2001 Эрик Шмидтро иваз кард. Вай ният дошт, ки бори дуввум моҳи июли соли 2015 истеъфо диҳад ва директори генералии Алфабет шавад, ки дар заминаи он дороиҳо Google ташкил карда шуда аст. Алфабет бо роҳбарии Пейҷ талош мекунад, ки дар соҳаҳои гуногуни санъат ба муваффақиятҳои чашмрас даст ёбад[8].
То моҳи июли соли 2020, Пейҷ бо сарвати 67,1 миллиард доллари амрикоӣ 10-умин сарватманди ҷаҳон буд..
Пейҷ ихтироъкори PageRank, маъруфтарин алгоритми рейтингии пайвандҳо дар Google мебошад[9][10][11][12][13][14]. Пейҷ ҷоизаи Маркони соли 2004-ро ба даст овардааст[15].
Ларри Пейҷ 26 марти соли 1973[16] дар Лансинг (Мичиган, ИМА) дар оилаи муаллимон: Карл Виктор Пейҷи калонӣ., профессори илмҳои компютерии Донишгоҳи Мичиган таваллуд шудааст[17] , ки рисолаи номзадиашро соли 1965 дар соҳаи информатика аз Донишгоҳи Мичиган ба даст овард. Дар соли 1965, вақте ки фанни информатика ба вуҷуд омад, хабарнигори Би-Би-Си Уилл Смейл ӯро «пешоҳанги илмҳои компютерӣ ва ҳуши маснӯӣ» тавсиф карда буд. [19]; ва Глория Пейҷ, устоди барномасозии ҳамон донишгоҳ ва колледжа Лаймана Бригса[en].[18][19][20]
Сарфи назар аз яҳуди[21] -асл буданаш ва он, ки бобои Ларри Пейҷ баъдтар ба Исроил алия[22] рафт, тарбияи кӯдак бидуни таъсири динӣ сурат гирифт.
Дар як суҳбат, Пейҷ бо ёдоварӣ аз кӯдакиаш қайд кард, ки хонаи ӯ "одатан бесарусомонӣ буд, бо компютерҳои дар ҳама ҷо пароканда , маҷаллаҳои илмӣ ва техникӣ, маҷаллаҳои илми-оммавӣ (англ. Popular Science Илми оммавӣ) ", муҳите, ки худи ӯ дар он ғарқ шудааст. Пейҷ дар ҷавонӣ ба мутолиа майлу рағбати бепоён дошт ва дар паёми соли 2013 ба поягузори Google навишта буд: «Ман дар ёд дорам, ки вақти зиёдеро барои китобҳову маҷаллаҳо сарф мекардам.»[23] Ба гуфтаи нависанда Николас Карлсон, таъсири якҷояи фазои хонаи Пейҷ ва волидони бодиққати ӯ « эҷодкорӣ ва ихтироъкориро дар ӯ афзоиш додааст». Пейҷ инчунин дар кӯдакӣ саксофон менавохт ва композитсияи мусиқиро меомӯхт. Пейҷ қайд кард, ки таҳсилоти мусиқии ӯ таҳаммулнопазирӣ ва васвасаро ба суръати компютер илҳом бахшид. " Аз як ҷиҳат, ҳис мекунам, ки омӯзиши мусиқӣ боиси суръати баланди ман дар эҷоди Google оварда расонд … " (англ. "In some sense I feel like music training led to the high-speed legacy of Google for me,"). Дар суҳбате, Пейҷ гуфт: " … дар мусиқӣ шумо вақтро хеле хуб медонед. Вақт, гӯё чизи аз ҳама муҳим аст … "; « Агар шумо дар ин бора аз нуқтаи назари мусиқӣ фикр кунед, агар шумо нақоразан бошед, ба навъе зарба мезанед, ки он бояд дар милисонияҳо, сонияҳои хурдтарин зада шавад …»[9][24].
Компютерҳо бори аввал дар синни шашсолагӣ диққати Пейҷро ба худашон ҷалб карданд, бинобар ин ӯ тавонист " бо партовҳои дар атрофбуда бозӣ кунад " — насли якуми компютерҳои фардии аз волидонаш барои ӯ монда[18] буданд. Ӯ " аввалин кӯдак дар мактаби ибтидоӣ буд, ки супоришро дар протсессори калима иҷро кард " (англ. "first kid in his elementary school to turn in an assignment from a word processor") [27]. Бародари калонӣ инчунин ба Пейҷ ёд дод, ки чи чизҳоро ҷудо кунад ва дере нагузашта Пейҷ «ҳама чизҳои хонаи худро ҷудо кард, то бубинад, ки он чӣ гуна кор мекунад.» Пейҷ инчунин гуфт: " Ман аз хурдиям фаҳмидам, ки мехоҳам чиҳоро ихтироъ кунам. Ҳамин тавр, воқеан ба технология ва тиҷорат шавқ пайдо кардам. Эҳтимол, вақте ки ман 12-сола будам, медонистам, ки дар ниҳоят ширкатеро таъсис хоҳам дод "[25].
Пейҷ мактаби Монтесори дар Окемос (англ. Okemos Montessori School,)- ро хатм кардааст, ки ҳоло Монтесори Радмур ном дорад -англ. Montessori Radmoor School дар ҷамоати Окемос[en] , иёлати Мичиган аз соли 1975 то 1979. Ва пас аз хатм Ист-Лансингскую среднюю школу[en] дар соли 1991 ӯ дар давраҳои тобистонӣ ду сол пай дар мактаби миёна ба ҳайси саксофоннавоз дар Маркази Фарҳангии Интерҳол[en] кор карда аст. Пейҷ дорои дипломи сурхи бакалаврӣ ва муҳандиси компютерии Донишгоҳи Мичиган мебошадҳамчунин зинаи коршиносии худро (магистр) дар илмҳои компютерии аз Донишгоҳи Стэнфорд ба даст оварда аст[26].
Дар соли 2007, Пейҷ бо Лусинда Саутворт дар ҷазираи Кариби Ричард Брэнсон Некер издивоҷ карданд.[27] Саутворт мухтареъ ва хоҳари ҳунарманд ва модел Кэрри Саутворт[en][28] мебошад. Пейдж ва Саутворт ду фарзанд доранд, ки солҳои 2009 ва 2011 таваллуд шудаанд[29][30].
Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Стэнфорд, Пейҷ бо як математики дигари хатмкарда Сергей Брин шинос шуд. Онҳо баъдан ширкати интернетии Google-ро ташкил ва роҳандозӣ карданд, ки фаъолияти худро соли 1998 оғоз кардааст. Пейҷ дар якҷоягӣ бо Сергей Брин то соли 2001 ба ҳайси президенти ширкат кор кард, то вақте ки онҳо Эрик Шмидтро даъват карданд, ки президент ва директори генералии Google шавад. 4 апрели соли 2011, Пейҷ Шмидтро ба вазифаи Директори генералӣ иваз кард. Пас аз ба итмом расидани ташаккули холдинги нави Alphabet Inc. вазифаи Директори генералиро Сундар Пичай ишғол кард[31]. Моҳи декабри соли 2019 Пейдж ва Брин дар як номаи муштараки истеъфо расман эълон карданд: «Alphabet ва Google дигар ба ду директор ва президент ниёз надоранд»[32].
Пейҷ яке сармоягузори Tesla Motors аст[33]. Вай ба технологияҳои барқароршавандаи энергия сармоягузорӣ кардааст ва тавассути дастгоҳи хайрхоҳонаи Google (Google.org), василаи васлкунии васоити нақлиёти барқии гибридӣ[34][35][36] ва дигар сармоягузориҳо ба манбаъҳои алтернативии энергияро тарғиб мекунад. Вай инчунин сарпарасти стратегии стартапи Opener мебошад, ки ҳавопаймоҳоро барои сайёҳон таҳия мекунад.[37]
Пейҷ инчунин ба таъсири иҷтимоию иқтисодии системаҳои муосири зеҳнӣ ва чӣ гуна технологияҳои пешрафтаи рақамӣ барои эҷоди «фаровонӣ» (тавре ки дар китоби Питер Диамандис), қонеъ кардани ниёзҳои одамон, кӯтоҳ кардани ҳафтаи корӣ ва коҳиш додани потенсиал истифода мешавад, аз таъсири зараровари бекории технологӣ таваҷҷуҳ дорад.[38].
Пейҷ ҳамчун барои таъсиси Донишгоҳи Singularity[39] Google кумак расонидааст[40] ва то ҳол тариқӣ молӣ Донишгоҳи Сингулитатсияро маблағгузорӣ мекунад[41].
Ларри Пейҷ солҳои тӯлонӣ пай дар пай ба рӯйхати сарватмандтарин одамони дунё шомил шудааст.
Ларри Пейҷ инчунин ба рейтинги бонуфузтарин одамони ҷаҳон дохил карда шудааст. Ибтидо, дар соли 2009, вай раддаи 5-умро дар он ишғол мекард, ки солҳои баъдӣ ин мавқеъро аз даст дод.
Дар рӯйхати одамони аз ҳама бонуфуз дар ҷаҳон дар соли 2018, Ларри Пейҷ дар ҷои 10-ум қарор дорад[42].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.