Лама
саҳифаи маъноҳои Викимедиа / From Wikipedia, the free encyclopedia
Лама (Lama) - ҷинси ҳайвонҳои ҷуфтсуми оилаи шутурҳо. Баландиаш 70 - 155 см, вазнаш 30 - 110 кг. Кухон надорад. Сапали пояш суст инкишоф ёфтааст, пашмаш борику дароз. Дар ноҳияҳои беҷангали паҳнкуҳҳои Амрикои Ҷанубӣ вомехӯрад. Ду намуди ваҳшӣ (гуанако ва викуня) ва ду намуди хонагӣ (худи Лама ва Алпака) дорад. Дар 2,5 - 3 солагӣ болиғ мешавад, давраи хомилагӣ 11 моҳ аст. Баъзан 2 то бача мекунад. Дар Перу ва Боливия ҳайвони боркашу пашмдеҳ мебошад.
Ин мақолаи нопурра аз фанни ҷонваршиносӣ мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. |
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба ин &namespace=0 мақола пайванд надорад.
|