From Wikipedia, the free encyclopedia
Кобул[1][2] (форсӣ: کابل) — дарё дар қисми шарқии Афғонистон ва шимоли ғарбии Покистон. Шохаи рост ва бузургтарини дарёи Синд буда, дар шаҳри Атток ба он мерезад.
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Дар болообаш номҳои Майдонрӯд ва Лоландарро дорад. Рӯдҳои Кунар, Панҷшер ва Лугар аз шохаҳои бузурги он мебошанд. Дар соҳилҳои дарё шаҳрҳои Кобул, Ҷалолобод (Афғонистон) ва Пешовар (Покистон) ҷой гирифтаанд. Аз нишебиҳои ҷанубии Ҳиндукуш (кӯҳи Бобо), дар макони якҷояшавии дарёҳои Унай ва Хирсхон сарчашма гирифта, аввал аз байни кӯҳҳо, поинтар аз пастхамии байникӯҳии Ҷалолобод ҷорӣ мешавад. Дарозии умуми дарё 500 км буда, 360 км он аз ҳудуди Афғонистон мегузарад. Манбааш — барфу борон. Поёнобаш 120 км киштигард мебошад (дар ҳудуди Покистон). Кобул барои обёрӣ ва салронӣ истифода мешавад. Ҳавзаи дарё дорои иқтидори баланди захираи қувваи барқ мебошад, ки хеле кам истифода мешавад. Дар Афғонистон як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи Кобул сохта шудаанд: НБО-и «Наглу», «Дарунта» ва «Саробӣ». Дар Покистон НБО-и «Варсақ» бо иқтидори 243 МВт дар дарё сохта шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.