Истиқлол (бошгоҳи футбол)
бошгоҳи футбол / From Wikipedia, the free encyclopedia
«Истиқлол» (номи пурра: Бошгоҳи футболи «Истиқлол» Душанбе) — бошгоҳи футболии тоҷик, ки соли 2007 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Яке аз дастаҳои футболии маъруфу пурифтихори Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Қаҳрамони кунунии Лигаи олӣ ва Суперҷоми Тоҷикистон.
Quick Facts Таъсис, Мусобиқа ...
![]() | ||||
![]() | ||||
Номи пурра | Бошгоҳи футболи «Истиқлол» Душанбе | |||
Лақаб | Шерҳо | |||
Таъсис | 1 ноябри 2007 | |||
---|---|---|---|---|
Майдон | Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (Душанбе) | |||
Ғунҷоиш | 24 000 | |||
Президент | ![]() | |||
Мураббӣ | ![]() ![]() | |||
Капитан | ![]() | |||
Рейтинг | ҷойи 185–ум дар AFC (2022)[1] ҷойи 1657-ум дар IFFHS (2022)[2] | |||
Сарпараст | ![]() | |||
Сайт | fc-istiklol.tj | |||
Мусобиқа | Лигаи олии Тоҷикистон | |||
2023 | ![]() | |||
|
Close
«Истиқлол» 10 карат қаҳрамони Тоҷикистон, 8 карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва 10 карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон мебошад. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, даста ҷоизадори Ҷоми президенти КФО дар соли 2012 - сеюмин муҳимтарин мусобиқаи бошгоҳҳои футбол дар Осиё ва ду маротиба финалисти Ҷоми КФО (дар солҳои 2015 ва 2017) - дуввумин муҳимтарин мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё (монанд ба Лигаи Урупои УЕФА) шудааст.