Иморати Исломии Афғонистон (пушту: د افغانستان اسلامي امارات) — давлати қисман эътирофшуда, ки дар солҳоии 1996—2001 вуҷуд дошт ва бештари қаламрави Афғонистонро ишғол мекард. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ (1992—1996), вақте ки ҳаракати исломии «Толибон» қудратро бо дастгирии Покистон[1] ба даст овард, пайдо шудааст. Эътирофшудаи дипломатӣ аз ҷониби Покистон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, (де-факто), Туркманистон ва давлати эътирофнашудаи Ҷумҳурии Чеченистони Ичқерия, дар ҳоле, ки қисми зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ президент Бурҳонуддин Раббонро, намояндаи Эътилофи Шимолӣ меҳисобид. Низоми Толибон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии Ал-Қоида, ки аъзояшон дар қаламрави кишвар пинҳон буданд, айбдор карда шуд, ки сабаб барои барҳами он (давлат) дар соли 2001 дар натиҷаи дахолати ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёни он шуд.