From Wikipedia, the free encyclopedia
Зардуштиён — пайравони Дини Зардуштӣ ё Дини Маздоия ("Маздаясна" порсӣ: مزدیسنا ), дини халқҳои қадимаи Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод ба миён омадааст ва дар байни аҳолии кишварҳои қадимаи Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Таълимоти дини Зардуштия ("Маздоия") дар китоби "Авесто" сабт шудааст.[1]
Зардуштия дини догматикӣ бо илми илоҳиёти мутараққӣ мебошад. Зардуштиёни замони ҳозира нуҳ мабдаи дин доранд.
Зардуштиён бар хилофи мусалмонҳову масеҳиён дар заминаи динпароканӣ фаъол нестанд. Ин ба он далел аст, ки зардуштиён равони ҳамаи пайравони динҳои дигарро барбодрафта ё наҷотхоҳ намедонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки равони одамон пас аз маргашон на бар мабнои таъаллуқи динию мазҳабӣ, балки бар асоси андеша, гуфтор ва кирдорашон доварӣ мешавад. Бад-ин гуна, бино ба бовари зардуштиён, бовармандони динҳои дигар ҳам метавонанд зиндагии порсоёна дошта бошанду пас аз марг ба подафроҳ нарасанд (ҷазо набинанд).[2]
Рақамҳои дар поён овардашуда дар асоси пажӯҳиши Федератсияи Ассотсиатсияҳои зардуштиёни Амрикои Шимолӣ ва инчунин тадқиқоти этнографӣ оид ба порсишиносӣ ва дигар ҷамоаҳои қамиву-динии Зардуштия асос ёфтаанд.
Кишвар | Шумораи имондорон [3] |
---|---|
Ҳиндустон | 61.000 |
Эрон | 25.271 |
ИМА | 14.405 |
Канада | 10.000 |
Осиёи Марказӣ | 10.000 |
Инглистон | 5.500 [4] |
Сингапур | 4.500 |
Покистон | 4.235 [5] |
Австралия | 2.577 |
Афғонистон | 2.000 |
Кишварҳои арабии халиҷи Форс | 1. 900 |
Зеландияи Нав | 1.232 |
Аврупо | 1.000 |
Ҷамъ | Тақрибан 200,000 |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.