From Wikipedia, the free encyclopedia
Замини Баффин (аз англ. Baffin Island) — ҷазираи калонтарини галаҷазираҳои арктикии Канада; дар ҳудуди Канада. Аз ҷиҳати масоҳат дар байни ҷазиращои Амрикои Шимолӣ ҷои дуввум ва дар ҷаҳон ҷои панҷумро ишғол менамояд. Масоҳаташ 476 ҳазор км². Дар баландии 2147 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 0,022 нафар. Аз қисми шимолу ғарбӣ ба самти ҷанубу шарқ бо соҳилҳои ғарбии бузургтарин ҷазираи дунё – Греландия баробар тӯл кашидааст. Қисми шарқии ҷазира кӯҳсор (баландиаш то 2134 м), соҳилҳояш харсангӣ. Теғаҳои ҳамвори қ-кӯҳҳо, ки масоҳати 83 ҳазор км²-ро ишғол менамоянд, бо пиряхҳо пӯшида шудаанд. Қисми ғарбӣ ҳамвори теппадор буда (баландии теппаҳо 150–200 м), ботлоқу кӯлҳои бузург (Неттиллинг, Амаджуак) дорад. Аз наботот дар Замини Баффин ушнаю гулсанг ва буттаҳо мерӯянд, аз ҳайвонот лемминг, заргӯш ва рӯбоҳи шимолӣ зиндагӣ мекунанд. Калонтарин маҳаллаи аҳолинишини ҷазира – Фробишер-Бей. Иқлимаш арктикии сернам. Моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Дар ҳудуди ҷазира Боғи миллии Ауюиттук воқеъ аст. Қутбнаварди англис Уилям Баффин (1584–1622) соли 1616 дар бораи ин мавзеъ маълумот додааст. Ҷазира ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.