From Wikipedia, the free encyclopedia
Забонҳои ҳинду-эронӣ— яке аз забонҳои гурӯҳи забонҳои Ҳинду-Аврупоӣ аст. Шохаи махсуси оилаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ, ки забонҳои гуруҳи ҳиндӣ (ҳиндуориёӣ), эронӣ ва дариро дар бар мегирад. Сабаби ба шохаи махсус муттаҳид шудани ин се гуруҳи забонҳо ин аст, ки дар онҳо умумияти забони ҳинду-эронӣ вуҷуд дошта, як қатор архаизмҳои умдаи давраи ҳинду-аврупоӣ маҳфуз мондаанд. Тахмин аст, ки ин умумият аввал дар даштҳои Руссияи Ҷанубӣ (шимоли баҳри Хазар) ба вуҷуд омада, сипас дар ҳудуди Осиёи Миёна ва мавзеъҳои ба он наздик такомул ва инкишоф ёфтааст. Забонҳои гуногуни ҳинду-эронӣ дорои аломатҳои якхела ва калимаҳои умумии зиёде мебошанд. Хусусан сохти грамматикӣ, фонди асосии луғавӣ ва синтаксиси забони қадими ҳиндуӣ (авестоӣ, форсии қадим, ведӣ, санскрит) ба ҳам хеле наздик аст.
Таснифот | |
---|---|
ISO 639-5 | iir |
LINGUIST List | indi |
IETF | iir |
Glottolog | indo1320 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
Ҳинду-Аврупоӣ |
---|
Забоҳои Ҳинду-Аврупоӣ |
Албанӣ | Анатолӣ | Арманӣ Балтикӣ | Келтӣ | Дасӣ | Олмонӣ Юнонӣ | Ҳинду-Эронӣ | Итолиёӣ Славянӣ | Срасиянӣ | Тохарӣ |
Одамони Ҳинду-Аврупоӣ |
Албаниҳо | Анатолиҳо | Арманиҳо Балтҳо | Келтҳо | Олмониҳо Юнониҳо | Ҳинду-Ориёиҳо | Эрониҳо Итолиёиҳо | Славяниҳо | Срасияниҳо | Тохариҳо |
Прото-Ҳинду-Аврупоӣ |
Забон | Ҷамъият | Дин Теппа | Йамна | Corded Ware |
Омӯзиши забони Ҳинду-Аврупоӣ |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.