![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/8/87/Yaghnobi_regions.jpg/640px-Yaghnobi_regions.jpg&w=640&q=50)
Забони яғнобӣ
яке аз забонҳои мардуми тоҷики водии дарёи Яғноб / From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони яғнобӣ ё забони суғдии нав (йағнобӣ зивок, суғдӣ зивок) яке аз забонҳои эронии шарқӣ (дар баробари забонҳои бадахшӣ) мебошад. Ба ин забон мардуми яғноб гап мезананд. Ин забон давоми забони суғдӣ аст. Ба андешаи муҳаққиқон, забони яғнобӣ аз забони суғдӣ бозмонда, яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба шумор меравад[3]. Гарчанде ки ин забон дар замони ҳозира ба хатари нобудӣ дучор меояд[4], вай дар мактабҳои Тоҷикистон омӯхта мешавад[5]. То соли 2004 кӯдакони яғнобӣ забони модарии худро дар мактаб меомӯхтанд[6]. Ин забон дар водии дарёи Яғноб паҳн аст. Дар солҳои Шӯравӣ бо баҳонаи заминларза мардуми ин диёр барои азхудкунии заминҳои нав, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дода шуданд, ноҳияи Зафаробод, кӯчонида шуданд. Баъди пошхӯрии ИҶШС бисёре аз онҳо ба хонаҳои пешинаи худ баргаштанд.
Номи қавмӣ |
Яғнобӣ зивок Yaghnobī zivok |
---|---|
Кишварҳо | |
Шумораи умумии гӯишварон |
|
Вазъ | хатари азбайнравӣ вуҷуд дорад[d][2] |
Таснифот | |
Хат | Алифбои лотинӣ ва алифбои сирилик |
Коди забонӣ | |
ISO 639-1 | — |
ISO 639-2 | — |
ISO 639-3 | yai |
WALS | ygn |
Atlas of the World’s Languages in Danger | 1438 |
Ethnologue | yai |
ELCat | 3217 |
IETF | yai |
Glottolog | yagn1238 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/8/87/Yaghnobi_regions.jpg/640px-Yaghnobi_regions.jpg)
Шумора — аз 3 то 13,5 ҳазор (2007)[7].