Дастгоҳи филмбардорӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дастгоҳи филмбардорӣ, аппарати киногирӣ, киноаппарат, кинокамера — асбоби оптикию механикии банаворгирии (дар фосилаи якхелаи вақт) як қатор аксҳои пайдарпайи объекти аксбардорӣ (кинокадрҳо, одатан, 24 кадр дар як с), ки барои офаридани кинофилм истифода мешаванд.
Навъҳои аппарати киногирӣ барои ба навори 70 мм бардоштани филмҳои васеъформат, ба навори 35 мм бардоштани филмҳои васеъэкран, ба навори 16 мм бардоштани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳаваскорӣ ва ба навори 8 мм ва 2 × 8 мм аксбардорӣ намудани филмҳои таълимӣ ва ҳавасӣ таъйин шудааст. Аппарати киногирӣ аз олоти суратгирие иборат аст, ки бо механизми автоматии лентакаш муҷаҳҳаз шудааст.