![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/1/10/Granuloma_mac.jpg/640px-Granuloma_mac.jpg&w=640&q=50)
Гранулёма
From Wikipedia, the free encyclopedia
Гранулёма (аз лот. granulum — донача, гиреҳча) — илтиҳобест, ки ба шакли гиреҳчаҳо падид меояд.
![]() Микроскопическая картина гранулёмы в лимфатическом узле (инфекция Mycobacterium avium). | |
МКБ-10 | L9292. |
МКБ-9 | 686.1686.1, 709.4709.4 |
eMedicine | / |
MeSH | D006099 |
Баъзе гранулёмаҳо ба чашм базӯр намоёнанд. Гранулёмаҳои дигар хеле калон (чанд см) мешаванд. Гранулёмаҳо дар бофтаю узвҳо ҳангоми баъзе бемориҳои сироятӣ ва сироятиву аллергӣ (сил, сифилис, листериоз, махав, манқа, домана, тарбод ва ғайра), ҳамчунин дар атрофи ҷисмҳои бегона ташаккул меёбанд. Баъзе гранулёмаҳо номи хос доранд, масалан, гранулёмаи сифилис — гумма, гранулёмаи махав — лепрома ва ғайра гранулёмаҳо баъди ба охир расидани даври рушдашон хадша (карахш) мебанданд. Зуҳуроти гранулёмаҳо ба ҷойгирӣ, миқдор, ҳаҷм, инчунин дараҷаи таҷзия ва хадша бастани онҳо вобаста аст. Масалан, гранулёмаҳои сершумори тарбодии миокард боиси пайдоиши кардиосклерози тарбодӣ ва нақси дил мешаванд.