From Wikipedia, the free encyclopedia
Генерал-фелдмаршал (олмонӣ: Generalfeldmarschall) — рутбаи олии низомӣ дар артишҳои хушкигарди Олмон, Утриш ва Русия.
Нахустин бор дар садаи XVI дар Олмон ва аз соли 1699 тавассути Пётри 1 дар Русия муқаррар гардид (то соли 1917). Дар чандин кишвар, аз ҷумла Фаронса, он қиёсан ҳамрадиф ба дараҷаи маршал (маршал-генерал) буд. Бо таваҷҷуҳ ба дараҷабандӣ генерал-фелдмаршал баробар бар рутбаҳои генерал-адмирали флот, канслер ва ё мушовири мухтори дараҷаи аввали хадамоти мулкӣ шумурда мешуд. Дар аҳди Пётри 1 ҳамчунин рутбаи генералфелдмаршал-лейтенант (яъне муовини генерал-фелдмаршал, баландтар аз генерал-аншеф) низ роиҷ буд. Ин рутба ҳамчун ҷоизаи ифтихорӣ ғолибан ба хориҷиҳое дода мешуд, ки дар артиши рус хидмат намекарданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.