![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/09/2011-12-25_22-36-06-etamines-tulipe-24f.jpg/640px-2011-12-25_22-36-06-etamines-tulipe-24f.jpg&w=640&q=50)
Гарддон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Гарддон (лот. anthera) — қисми гардбарг, ки дар он гард ҳосил мешавад. Гарддон аз халтаи гард (микроспорангия) иборат аст.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/09/2011-12-25_22-36-06-etamines-tulipe-24f.jpg/640px-2011-12-25_22-36-06-etamines-tulipe-24f.jpg)
Сӯрохчаҳои гарди рустаниҳои пӯшидатухм ва микроспорангияҳои рустаниҳои лучтухм ба ҳамдигар монанд мебошанд. Дар сӯрохчаҳои гард микроспораҳо ҳосил шуда, аз онҳо гард ташаккул меёбад. Баъди кушода шудани гарддон гард ба воситаи ду сӯрохи дарозрӯя баромада, ба гардгираки гулбарг мегузарад ва минбаъд рушд меёбад.