Восход
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
«Восхо́д» — номи силсилаи киштиҳои кайҳонии бисёрҷойи шӯравӣ, ки барои парвоз дар мадори наздизаминӣ таъйин шудаанд.
Вазн | 298 400 кг[1] |
---|---|
Кишвар | |
Кишвари созанда | |
Ихтироъкор | S.P. Korolev Rocket and Space Corporation Energia[d] |
Payload mass | 5 900 кг |
Санаи оғози фаъолият | 16 ноябр 1963 |
Service retirement | 29 июн 1976[2] |
Баландӣ | 3 084 сантиметр |
Диаметр | 299 сантиметр |
Тавзеҳот дар сомонаи | astronautix.com/v/voskho… |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Восход» 12 октябри 1964 бо се нафар кайҳоннавард – В. М. Комаров (сарнишин), К. П. Феоктистов (ходими илмӣ) ва Б. Б. Егоров (духтур) ба мадори наздизаминӣ бароварда шуда, 24 соату 17 дақ. парвоз кард. Сохт ва таҷҳизоти «Восход» нисбат ба силсилаи киштиҳои «Восток» мукаммал (таҷҳизоти иловагии самтгирӣ бо ирсолкунандаҳои ионӣ, радиотехника ва телевизиони замонавӣ) буд. Дар «Восход» таҳқиқи қобилияти корӣ ва ҳамкории гурӯҳи кайҳоннавардон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни илму техника санҷида, таҳқиқоти физикавию техникӣ ва биологию тиббӣ анҷом дода шуданд.
Киштии кайҳонии «Восток–2» барои аз киштӣ ба фазои кайҳонӣ баромадани инсон даричаи махсус (шлюз) дошт. Дар он ду нафар кайҳоннавард – сарнишини киштӣ П. И. Беляев ва халабони дуюм А. А. Леонов 18 марти 1965 ба кайҳон парвоз намуда, Леонов бори аввал дар таърихи инсоният бо скафандр 20 дақ. ба фазои кайҳонӣ баромад ва аз киштӣ 5 м дур рафт.
Силсилаи мушак – барандаҳои сезинагӣ, ки киштиҳои кайҳонии ҳамномро ба мадори наздизаминӣ мебароварданд, низ «Восход» ном доштанд. Мушаки нахустини ин силсила бори аввал 16 ноябри 1963 ба кайҳон парвоз кардааст. То соли 1976 ҳамагӣ 300 мушаки ин силсила ба мадори наздизаминӣ бароварда шуд. «Восход» инчунин барои ба мадор баровардани радифи кашшофи «Зенит», ки дар асоси киштии кайҳонии «Восток» сохта шуда буд, истифода гардидааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.