From Wikipedia, the free encyclopedia
Волфганг Амадей Мотсарт (олмонӣ: Wolfgang Amadeus Mozart, АОБ [ˈvɔlfɡaŋ amaˈdeus ˈmoːtsaʁt] ; 27 январ 1756[2][3], Иёлати Залтсбург, Prince-Archbishopric of Salzburg[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d][4][5][6] — 5 декабр 1791[7][8][9][…], Вена, Archduchy of Austria[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d][4][5][10][…]) — оҳангсоз ва мусиқинавози чирадасти утришӣ.
олмонӣ: Johann Chrysostomos Wolfgang Gottlieb Mozart | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | лот. Joannes Chrysostomus Wolfgangus Theophilus Mozart[1][2] |
Таърихи таваллуд | 27 январ 1756[2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 декабр 1791[7][8][9][…] (35 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | 1761 — 1791[8] |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, пиёнунавоз, мусиқидон, арғунуннавоз, скрипканавоз |
Соз | арғунун, clavichord[d], клавесин, fortepiano[d], скрипка, Алт (сози мусиқии торӣ) ва фортепиано |
Сабк | мусиқии давраи классик[d], sardana[d], Мусиқии камеравӣ, опера ва симфонӣ |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Гузаштагони ӯ усто буданд, падараш — мусиқичӣ. Аз сини 4-солагӣ Мотсарт дар клавесин ва скрипка менавохт, аз 6-солагӣ ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ кард ва дар 7-солагӣ бо бадеҳанавозӣ дар клавесин, скрипка, арғунун бо мусиқинавозони машҳур бомуваффақият мусобиқа мекард. То сини 14-солагӣ Мотсарт ҳамчун композитори шинохта муаррифӣ гардид, операҳои ӯ дар Театри Милан иҷро мешуданд. Дар 15-солагӣ ӯро узви академияи мусиқии Болон ва Верон интихоб намуданд. Аз с. 1769 то 1781 (бо танафус) Мотсарт дар хори ҳофизони (каппела) дарбори апископи калони залтс-бургӣ хидмат мекунад.
Волфганг Амадей Мотсарт то 18-солагӣ зиёда аз 30 симфония, 13 квартет, 14 соната ва ғ. асарҳо офаридааст. С. 1781 М. ба Вена, Утриш кӯч баст. Дар пойтахти имперотурии Утриш зистанаш, вақти шукуфоии эҷодиёташ оғоз шуд. Дар давраи дар Вена буданаш операҳои беҳтарини ӯ офарида шудаанд: «Арӯсии Фигаро» (1786), «Дон Жуан» (1787), «Флейтаи сеҳрнок» (1791), симфонияҳои бештар машҳураш, консертҳои фортепианӣ, сонатаҳо, квартетҳои торӣ, квинтетҳо, Реквиеми (марсия) овозадораш ва ғ. Операҳои Мотсарт — намунаҳои олии навъи нави асарҳои мусиқӣ — саҳнавӣ буда, композитор дар онҳо ислоҳоти жанри операро ба вуҷуд овард. Мотсарт — навовари ҳамаи жанрҳои мусиқии замони худ, офарандаи мусиқии гениалии он давра, ки рамзи зебоӣ ва гармонии ҷаҳониён гардид, мебошад.[11]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.