From Wikipedia, the free encyclopedia
Wiki Loves Monuments (Вики дӯстдори ёдгориҳо) — озмуни ҳарсолаи байналмилалии аккосӣ, ки моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон тавассути ҷомеаи Викимедиа ва бо кумака Викимидиаҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Иштирокдорон биноҳои таърихӣ ва тамошобобро аксбардорӣ карда, баъдан онҳоро ба Викианбор бор мекунанд. Ҳадафи баргузории озмун ҷалби диққати кишварҳои иштироккунанда ба мероси меъморӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Wiki Loves Monuments | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Солҳои баргузорӣ | аз 2010 то ин замон |
Муассисон | Бунёди Викимедиа |
Тематика | фотография |
http://www.wikilovesmonuments.org/ |
Бори аввал Wiki Loves Monuments соли 2010 дар Нидерландия доир гардид. Дар соли оянда озмун боз дар якчанд кишварҳои Аврупо баргузор гардид ва рекорди ҷаҳониро ҳамчун фотоконкурс бо шумораи зиёди иштирокчиён ба Китоби рекордҳои Гиннесс гузошт[1]. Дар соли 2012 ин мусобиқа аз ҳудуди Аврупо фаротар рафта, дар он суратгирон аз 35 кишвар иштирок намуданд[2].
Қоидаҳои асосии иштироки хеле одӣ аст. Кишвари иштирокчӣ бояд рӯйхати едгориҳоро бо нишонӣ ва идентификатор пешниҳод намояд ва иштирокчиён бояд тасвирҳоро дар давраи аз аввал то 30-юми сентябр боргузорӣ намоянд. Барои иштирок тасвирро дар Викианбор боргузорӣ кардан лозим аст ва ин маънои онро дорад, ки шумо ҳисоби корбарии худро сохта бошед. Суратҳои ҳар вақт бардошташуда қабул карда мешаванд, аммо боргузории онҳо бояд дар моҳи сентябр ва зери литсензияи озоди CC-BY-SA 3.0 (ё ягон дигар созгорӣ, масалан, CC-BY ё CC-0)[3] гузошта шаванд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.