From Wikipedia, the free encyclopedia
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Таърихи таъсис | 17 сентябр 1992 |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазири масъул | Генерал-полковник, Шералӣ Мирзо |
Вебгоҳ | mudofia.tj |
Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № ФП-4 аз 4 январи 1992 таъсис ёфта буд. 30 сентябри 1992 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 17 сентябри 1992, № ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 қарор қабул кард. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 1993 таҳти № 296–13 қароре ба тасвиб расонда, сохтор ва тарҳи В.-ро муайян ва сохтори Дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ кард. Дар рафти бунёди нахустин раёсатҳову қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад. Ин буд, ки Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи 1994 ин масъаларо аз сари нав баррасӣ намуда, сохтор ва тарҳи Вазоратро бо дарназардошти вазъу шароити муосир бо Қарори № 440–9 тасдиқ кард. Тибқи санади мазкур сохтори Дастгоҳи марказии В. ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муайян карда шуд.
Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад:
Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.