Бурҳониддин Раҷабов (Раҷабов Бурҳониддин Ҳамроевич; зод. 23 сентябри 1958, деҳаи Саричашма, ноҳияи Шӯрообод) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).

Quick Facts Бурҳониддин Раҷабов ...
Бурҳониддин Раҷабов
Close

Зиндагинома

Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1980) ва Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. Шукини шаҳри Маскавро (1977) хатм кардааст. Фаъолияташ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Қурғонтеппа ҷараён гирифтааст, ба сифати актёр, коргардон, саркоргардон ва директори он заҳмат кашидааст. Дар бисёр спектаклҳо, чун «Модар нигарон буд», «Хирс», «Булдок», «Тӯи бедомод», «Авлиё ва осӣ», «Моҷарои обфурӯш», «Фарёди ишқ» нақш бозида, хулқу атвори қаҳрамононашро бо нозукӣ дар назари бинанда ба ҷилва овардааст. Ҳамчун коргардон «Давлати Сомониён», «Фариштаҳо», «Ҳазрати Амирҷон», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Оршин мол-олон» барин намоишномаҳоро рӯи саҳна оварда, дар ҳар яке тарафҳои тозаи маҳораташ кушода шудааст. Ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва коргардон бисёр намоишномаю барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои ҷашниро моҳирона таҳия намудааст[1].

Эзоҳ

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.