Бобои Талабшоҳ ва Мария (Мӯйсафед ва хирс) — пирамард ва хирси ӯ, ки дар охири солҳои 90-уми асри XX ва ибтидои асри XXI ба рамзи Душанбе табдил гардида буданд[1].

Thumb
Бобои Талабшоҳ ва Мария

Саргузашт

Талабшо Шейхов, сокини деҳаи Ялаши ҷамоати Пилдони ноҳияи Ҷиргатол соли 1990 дар кӯҳистон дар хонаи яке аз шиносҳояш хирсбачаи 1,5 — моҳаро пайдо кард. Хирсак бесоҳиб буд. Модару бародарашро шикорчиҳо кушта буданд. Бар ивази як буз бобои Талабшоҳ хирсбачаи модаро аз соҳибаш гирифт ва онро Мария ном кард (он замон сериали мексикоии Просто, Мария! дар собиқ Шӯравӣ маҳшар ба по карда буд).

Марияро бо шири гов, гоҳо шири келинаш бузург кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба бобои Талабшоҳ соли 1995 пешниҳод кард, ки дар зоопарки Душанбе кор кунад…

Бойбачаҳо бар ивази Мария ба бобои Талабшоҳ пули калон, ҳатто 2 — 3 — хонагӣ дар маркази шаҳр ваъда карданд, розӣ нашуд. Аммо замоне шуд, ки бобои Талабшоҳ ҳам ба посбонии Боғи ҳайвонот ва ҳам маблағи бузурги бойбачаҳо зор шуд, лек касе ба додаш нарасид. «Духтар» бузург шуда, рўзе то 10 — 12 кило ғизо мехўрд. Зӯри «падар» барои таъмини ӯ намерасид.

Бобои Талабшоҳ, ки синнаш ба 80 расида буд, маҷбур буд ҳамроҳи Мария дар кӯчаҳо гашта, намоишномаҳои худро ба мардум пешниҳод кунанд ва қути лоямути «духтар» — ашро пайдо намоянд.

Мӯйсафед вақте медид, ки ҷавонон «салому алайк» — ро намедонанд, аз хирс хоҳиш мекард, то ба онҳо одоб нишон диҳад.

Онҳо 21 сол бо ҳам буданд. Мӯйсафед соли 2011 вафот кард. Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон умр ба сар мебарад[2].

Бобо ва хирс дар ВАО

Бисёре аз расонаҳои тасвирӣ ва чопии дохилу хориҷ дар бораи достони дӯстию рафоқати Бобои Талабшоҳ ва Мария гузоришҳое таҳия ва пахш кардаанд. Маҳдии Бимонӣ, аккос ва коргардони эронӣ мустанаде дар бораи ин пирмарди тоҷик ва хирсаш сохта ва Телевизиони Форсии Би-би-сӣ ин филмро пахш карда буд[3].

Гузоштани тандиси Бобо ва хирс

Сокини Душанбе Михаил Рибаков соли 2015 пешниҳод кард, ки барои ҳардуи онҳо дар ягон гӯшаи пойтахти Тоҷикистон ҳайкали «ду дӯст», «падару фарзанд» ва як намунаи нотакрори тавозуни руҳонии инсону вуҳуш, муҷассамаи ғайриоддӣ дар таърихи башарро гузоранд, то дарсҳое барои инсониятро ёдоварӣ кунад. Ва он арҷгузорӣ на фақат ба бобои Талабшоҳу Мария, балки ҳамзистии инсону табиат хоҳад буд[4].

Соли 2017 муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва Марияро бо фармоиши ширкати «iamdifferent» сохтаанд ва нақша доранд, ки онро рӯзҳои наздик ба маркази шаҳри Душанбе, назди фурӯшгоҳи фирмавии «iamdifferent» интиқол бидиҳанд[5].

Эзоҳ

Видео

Пайвандҳо

Сарчашма

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.