From Wikipedia, the free encyclopedia
«Биҳишти гумшуда» (англ. Paradise Lost) — номи асарест ҳамосӣ, ки тавассути шоири инглиси қарни ҳабдаҳум Ҷон Милтун навишта шудааст.
Муаллиф: | Ҷон Милтун |
---|---|
Ношир: | Сомуил Симмунс[d] |
Нашр: | 1667 |
Баъдӣ: | Биҳишти бозёфта[d] |
Аввалин чопи ин асар дар даҳ бахш ва даҳ ҳазор банди муҷаззо дар соли 1667 мунташир шуд. Чопи дувуми китоб, ки ба назму қофия дар он бештар таваҷҷуҳ шуда буд дар дувоздаҳ бахш бо бознигарии куллӣ ва дар соли 1674 мунташир шуд. Милтун дар нимаҳои нигоштани ин асари бузург биноии худро бар асари мутолиъаи зиёд аз даст дод ва аз он пас ончиро, ки дар зеҳнаш буд барои духтаронаш бозгӯ мекард ва онон ба нигоштани он ҳиммат мегуморданд.
Ин ҳамоса ривояти масеҳист аз суқути инсон: Васвасаи Одаму Ҳаво тавассути фариштаи ронда аз даргоҳ Иблис ва берун ронда шудани онҳо аз боғи ъадни биҳишт. Дарунмояи аслии китоб ба навиштаи Милтун тавҷеҳи роҳу равиши худост нисбат ба инсон. Ва равшан шудани гирифторӣ байни биниши абадӣ ва лоязолии худовандӣ ва иродию ихтиёрӣ будани сарнавишти инсон. Милтун дар ин ҳамоса погонисму адабиёти классики юнонӣ ва масеҳиятро бо шеър дар ҳам омехтааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.