Бирмингем (Алабама)
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Би́рмингем (англ. Birmingham [ˈbɜrmɪŋhæm]) — шаҳр дар иёлати Алабамаи ИМА, дар доманакӯҳи Аппалачи ва водии Ҷоунс.
Шаҳр | |||
англ. Birmingham | |||
|
|||
33°31′ с. ш. 86°49′ з. д.HGЯO | |||
Кишвар | ИМА | ||
Роҳбар | Randall Woodfin[d][1] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1871 | ||
Масоҳат | |||
Баландии марказ | 187 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC−06:00[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 205 | ||
Нишонаи почта | 35201 | ||
birminghamal.gov | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолиаш бо атрофи он 1 млн нафар (2010), 74 дарсади аҳолӣ — африқоиҳои Амрико. Бандари дарёи Блэк Уориор бо силсилаи дарёии Теннеси-Томбигби ва бандари баҳрии халиҷи Мексика пайваст аст.
Дар миёнаи садаи 19 маркази филиззкори (металлургия)-и сиёҳ (истеҳсоли чӯян), истихроҷи маъдани оҳан ва оҳаксанг буд. Ҳамчун шаҳр с. 1871 бунёд гардидааст. Соли 1899 ба маркази бузургтарини филиззкории ИМА табдил ёфта («Питсбурги Ҷанубӣ»), соли 1960 мошинасозӣ рушд кард. Айни замон Бирмингем. маркази муҳимми нақлиётӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии мамлакат аст. Истеҳсоли тайёра, таҷҳизоти р. о., автомобил ва лӯлаҳо ривоҷ ёфтааст. Саноати низомӣ, кимиё, матоъҳои пахтагӣ ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бирмингем. Донишгоҳи Сэмфорд (1841) ва филиали (кампус) Донишгоҳи Алабама, осорхонаи санъат, калисои Сант-Баптист, Боғи истироҳатии Келли-Ингрэм, боғи ҳайвонот воқеанд. Муҷассамаи 17-метраи Худои оташи юнониҳо — Вулкан ҳамчун рамзи соҳаи филиззкории шаҳр дар баландии Ред-Маунтин қомат афрохтааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.