From Wikipedia, the free encyclopedia
Баро́метр (юн.-қад. βάρος — «вазнинӣ, вазн» ва μετρέω — «чен мекунам») — асбоб барои чен кардани фишори атмосферӣ. Фишор қувваест, ки ба воҳиди масоҳат таъсир мекунад. Атмосфераи Замин ба садҳо км баландӣ тӯл кашида, ба сатҳи он фишор меорад.
Барометр барои чен кардани ин фишор хидмат мекунад. Фишори атмосферӣ (ё барометрӣ) бо мм сутуни симоб ва паскал (Па) чен карда мешавад. Бо барометр инчунин баландиро чен кардан мумкин аст, чунки фишори атмосферии ҳаво бо зиёд шудани баландӣ (аз сатҳи баҳр) паст мешавад. Чунин асбобҳоро дар самолётҳо истифода мебаранд ва кӯҳнавардон бо худ мегиранд.
Асосан ду намуди барометр мавҷуд аст: симобӣ ва механикӣ (Анероид). Дар барометри симобӣ фишори атмосферӣ аз рӯйи баландии сутуни симоби найчаи симобдор, ки дар зарфи симобдор ғӯтонда шудааст, ёфта мешавад. Кашфи фишори атмосферӣ ва ихтирои барометри симобиро олими итолиёӣ Торичелли Эванҷелиста дар рисолаи «Opera geometrica» (1644) овардааст. Барометрҳои симобӣ нисбатан дақиқ буда, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ бо онҳо муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.