From Wikipedia, the free encyclopedia
Баптизм (юн. βάπτισμα — ба об фурӯ мебарам) — яке аз равияҳои протестантизм, ки ибтидои асри 17 пайдо шудааст.
Баптизм дар пайравии анъанаи протестантизм Библияро сарчашмаи ягонаи таълимоти динӣ дониста, наҷоти шахсиро дар эътиқод ба «Қурбони Исои Масеҳ баҳри омӯрзиш» ва диндоронро «баргузида»-и Худо мебинад. Як қисми баптистони пайрави калвинизм дар чунин ақидаанд, ки Худо «аз азал», пеш аз офаридани олам баъзе касон («баргузидагон»)-ро ба наҷот ва баъзеи дигарашонро ба ҳалокат муқаддар кардааст. Баптистон принсипи «қудсияти умум»-ро гаравида, рӯҳониёнро ҳамчун миёнчии байни Худову диндорон инкор мекунанд, ба валиёну уқнумҳо, роҳибону фароизи динӣ ва диг. муқаддасот имон надоранд.
Маросими ғусли таъмид ва тақарруб дар байни баптистон рамзи эътиқоди инсон ва садоқати ӯ ба Масеҳост. Соли 1944 дар ИҶШС баптистон бо масеҳиёни инҷилӣ муттаҳид шуда, Шӯрои умумиттифоқии масеҳиёну баптистони инҷилӣ (ШУМБИ)-ро ташкил карданд.
Пайравони Баптизм дар Тоҷикистон ҳам (Душанбе, Суғд, Қӯрғонтеппа) ҳастанд. Шӯро маҷ. «Братский вестник»-ро нашр менамояд. Дар ҷумҳурии мо намояндагон («ташаббусгарон»)-и баптистҳо низ ҳастанд. Б.-ҳо дар ибодатгоҳу манзилҳои истиқоматӣ бо мусиқӣ ва суруд ибодат мекунанд. Ба ҷамъияти баптистҳо кашиш роҳбарӣ мекунад. Ӯ мекӯшад, ки доираи манфиатҳои диндоронро дар чорчӯбаи ҷамъияти динӣ маҳдуд карда, дар шуури диндорон нисбат ба илм ва маданият ҳисси навмедӣ барангезонад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.