From Wikipedia, the free encyclopedia
Банголиҳо — халқият, аҳолии асосии Банглодеш ва иёлати Банголаи Ҷанубӣ дар Ҳиндустон (иёлоти Биҳор, Ҷарханд, Ариса ва Ассам). Ҳамчунин, дар Непал, Бутан, Сингапур ва Британияи Кабир зиндагӣ доранд. Шумораи умумии Б. – 250 млн нафар (2009). Дар Банглодеш тақр. 150 млн нафар, дар Ҳиндустон 100 млн нафар ҳаёт ба сар мебаранд. Забони Б. банголӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуориёии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст. Дар Банглодеш шакли хосси забони банголӣ, ки аз лаҳҷаи даккӣ таркиб ёфтааст, маъмул аст. Ҳамчунин, Б. ба забонҳои урду, ҳиндӣ ва англисӣ такаллум мекунанд. Алифбои Б. – бонгаккхор намунае аз хутути қадимии Ҳинд мебошад. Мутобиқи тақсимоти антропологӣ, Б. ба шохаи нажоди сафедпӯстони ҷануб мансубанд; дар шим. шарқ зардпӯстон ва дар ҷан. ғарб дравидҳо бартарӣ доранд. Қисме аз Б.-и Банглодеш мусулмонони суннимазҳаб, қисме ҳиндумазҳабанд. Дар Ҳиндустон мусулмонон, ҳиндувон, ҷайниҳо ва масеҳиёнашон сукунат доранд. Асоси хоҷагидории Б. деҳқонист. Ҳамчунин, моҳидорӣ машғулияти хеле паҳнгардидаи Б. мебошад. Ҳунарҳои гуногуни мардумӣ дар байни Б. хеле ривоҷу равнақ ёфтаанд. Низоми оиладорӣ падаршоҳист.
Сукунат |
Банглодеш Бангладеш: [14] |
---|---|
Забон | Бенгальский язык |
Дин |
Ислам — Бангладеш 88 % Индия 18 %[15] Индуизм — Индия 78 % Бангладеш 11 % Буддизм и христианство — 1 %[16][17] |
Ҷузъе аз | Индоарийские народы |
Хешовандон | Сингалы, Дравиды |
Пайдоиш | Арии |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.