БПНМ
якчанд шартҳое, ки бо сирояти ВНМО ба вуҷуд меоянд / From Wikipedia, the free encyclopedia
БПНМ (Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният; СПИД аз русӣ: синдром приобретённого иммунного дефицита) — бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба вуҷуд меорад.[3][5]
Quick Facts ВНМО/БПНМ, Номҳои дигар ...
ВНМО/БПНМ | |
---|---|
Номҳои дигар | бемории ВНМО, сирояти ВНМО[1], СПИД |
Лентаи сурх барои ҳамбастагӣ бо одамони мубталои ВИЧ ва онҳое, ки бо СПИД зиндагӣ мекунанд.[2] | |
Ихтисос | Инфектология |
Нишонаҳо | Аввала: Ба бемории зуком монанд[3] Баъдтар: Гуреҳҳои лимфаҳои калон, табларза, талафоти вазн[3] |
Вазниншавиҳо | Инфексияи оппортунистӣҳо, варамҳо[3] |
Давомнокӣ | Давоми умр[3] |
Сабабҳо | Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)[3] |
Омилҳои хавфӣ | Алоқаи ҷинсии бемуҳофизати аналӣ ё маҳбалӣ, доштани инфексияи бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, мубодилаи сӯзан, расмиёти тиббӣ бо буридан ё сӯрохкунии безарар ва эҳё кардани ҷароҳати сӯзанӣ[3] |
Усули ташхис | Санҷиши хун[3] |
Пешгирӣ | Алоқаи ҷинсии бехавф, Иваз кардани сӯзан, хатна кардани мардон, Пешгирии пеш аз дучоршавӣ, Пешгирии пас аз дучоршавӣ[3] |
Табобат | Табобати антиретровирусӣ[3] |
Пешгӯиҳо (тиб) | Давомнокии умри тақрибан муқаррарӣ бо табобат 11 сол давомнокии умр бе табобат |
Паҳншавӣ | 64,4 миллион - 113 миллион ҳолати умумӣ[4] 1,5 миллион ҳолати нав (2021)[4] 38,4 миллион гирифтори ВНМО (2021)[4] |
Оқибатҳои марговар | 40,1 миллион фавти умумӣ[4] 650,000 (2021)[4] |
Close
СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.
Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, қи аз онҳо 20 млн нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.