From Wikipedia, the free encyclopedia
Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (форсӣ: ابوالعباس احمد ابن محمد ابن کثیر فَرغانی; ар. أحمد بن كثير الفرغاني; тақр. 798, Фарғона — 861, Қоҳира[1]) — ахтаршинос, риёзидон ва ҷуғрофиёдони машҳури асрҳои VII—IX. Дар Шарқ бо тахаллуси «Ҳосиб» (риёзидон) ва дар Ғарб бо номи «Алфараганус» маъруф буда, дар пешрафти илмҳои номбурдаи замонааш саҳми бузург гузоштааст.
ар. أحمد بن كثير الفرغاني | |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | на пештар аз 861 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳмади Фарғонӣ дар Бағдод ва Димишқ дар замони хилофати Маъмун (813—833) дар бунёди расадхонаҳо ширкат варзидааст. Ӯ дар рисолаи «Мадхалу-н-нуҷум» («Муқаддимаи ситорашиносӣ»)-и худ илми ситорашиносии замонаашро мураттаб сохта, аз ҷумла ба ислоҳу танқиди Батлимуси юнонӣ пардохтааст. Аҳмади Фарғонӣ соли 812 кусуфи Офтобро дар Бағдод пешгӯӣ ва курашакл будани Заминро исбот кард. Ӯ «миқёси ҷадид» ном асбобе сохта буд, ки онро барои андоза кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва ин асбоб имрӯз бо номи «нилометр» шинохта шудааст.
Дар замони Мутаваккили Аббосӣ муҳандис, сарпарастии сохтмони нилсанҷи бузургро ба уҳда дошт. Фарғонӣ ахтаршиноси дарбори Аббосиён буд ва китоби «Ҷавомеъ»-ро навишт. Ин асар гузориши ғайририёзии ҷомеъе аст аз усули ахтаршиносии батлимусӣ, ки Қосибӣ шарҳе бар он навиштааст. Китоби ёдшуда дар Аврупои садаҳои миёна нуфузи густурдае ёфт. Фарғонӣ таълифоте низ дар бораи соъати офтобӣ, назарияи риёзии устурлобҳо ва ҷадовили нуҷумии Хоразмӣ дорад.
Рисолаҳои зерин аз намунаи осори Аҳмади Фарғонӣ мебошанд: «Китобу-л-комил фи-л-устурлоб» («Китоби комил дар бораи устурлоб»), «Фӣ санъати-л-устурлоб» («Дар санъати [сохтани] устурлоб»), «Рисола фӣ маърифати-л-авқоти-л-лати якуну-л-қамару фӣ фавқи-л-арзи ав таҳтаҳо» («Рисола дар бораи донистани вақтҳое, ки Моҳ дар болои Замин ё зери он воқеъ мегардад»), «Ҳисобу-л-ақолими-с-сабъа» («Ҳисоби ҳафт иқлим»), «Китобу-л-амали-р-рухомот» («Китоби коркарди мармар»), «Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷавомеъи-н-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо») ва ғайра. Қисме аз осори Аҳмади Фарғонӣ ҳанӯз дар асрҳои XII—XIII ба лотинӣ тарҷума шуда буданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.