From Wikipedia, the free encyclopedia
АТÓ ЍБНИ АБИРАБÓҲ (ар. عطاء بن أبي رباح, 647–648 милодӣ, Ҷанади Яман – 732 милодӣ, Макка), Абумуҳаммад Ато ибни Абирабоҳ ибни Аслами Қурайшии Маккӣ — фақеҳи маъруф, мавлои Қурайш ва аз тобеини ҷалил, муфтӣ ва муҳаддиси аҳли Макка, ки аз ҳар чаҳор Абдуллоҳ ва аз Оиша (раз) ҳадис ривоят кардааст ва имом Абуҳанифа ва дигарон аз ӯ ҳадис шунидаанд. Аз ҷумлаи шогирдони забардасти Ибни Аббос (раз.) дар илми фиқҳ, ҳадис ва тафсир мебошад. Имоми фуқаҳо Абуҳанифа дар бораи Ато ибни Абирабоҳ гуфтааст: «Касеро бофазлтар аз Ато ибни Абирабоҳ надидам». Ато ибни Абирабоҳ шоҳиди бевоситаи тамоми рӯйдодҳои иҷтимоӣ, низоъҳои сиёсӣ ва ҳаводиси талхе буд, ки пас аз қатли халифаи сеюм Усмон (раз) рух дода буданд ва аз ин рӯ аз афкори сиёсӣ ва моҳияти тафриқаафканонаи иҷтимоии фирқаҳои навзуҳур ва дурнамои онҳо хуб огоҳ буд.[2]
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба ин &namespace=0 мақола пайванд надорад.
|
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.