From Wikipedia, the free encyclopedia
Атирау (қаз.: Атырау [ɑtɯ'rɑu] ; то соли 1991 — Гурйев[2]) — шаҳр дар Қазоқистон, маркази маъмурии вилояти Атирау. Он дар қисмати ғарбии кишвар, дар соҳили дарёи Урал ҷойгир шудааст (дар пояаш дар маҷрои дарё баҳри Каспий ҷойгир буд, вале дар натиҷаи паст шудани сатҳи оби Каспий дарё аз он дур шудааст). Аҳолиаш 218,1 ҳазор нафар (2014).
Шаҳр | |||||
русӣ: Атырау | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1640 | ||||
Баландии марказ | −20 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Нишонаи почта | 060001–060011 | ||||
atyrau.gov.kz | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1640 таъсис ёфтааст. 4 октябри 1991 ба Атирау табдили ном кардааст.
Иқлимаш континенталии хушк. Ҳарорати миёнаи ҳаво январ — 9,4°С, июл +26,8°С. Миқдори бориши солона — 177 мм.
Фурудгоҳ, бандари дарёӣ ва р. о. дорад. Атирау тавассути р. о. бо Осиёи Миёна (Душанбе, Тирмиз, Бухоро, Чорҷӯ, Нукус,) мепайвандад. Маркази муҳимми саноати нафту кимиёи мамлакат аст. Аз ҳудуди Атирау лӯлаи нафти Гурев — Орск ва Узен — Куйбишев мегузарад. Дар Атирау заводҳои нафт, кимиё (истеҳсоли полимерҳо), инчунин заводи автомобилсозӣ, таъмири киштӣ, комбинатҳои консерви моҳӣ, гӯшт, масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Соли 1999-ум 100-солагии дарёфти нафт дар Қазоқистон ҷашн гирифта шуд, ки дар он Атирау сазовори унвони «пойтахти нафтии Қазоқистон» гардид.
Донишкадаи нафт ва газ, Донишгоҳи давлатии ба номи Х. Досмухаммедов, донишкадаи омӯзгорӣ, Донишкадаи гуманитарӣ-муҳандисии Атирау, коллеҷҳои политехникӣ, бизнес ва ҳуқуқ, кишоварзӣ, коллеҷи серсоҳаи «Болашак», омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мусиқӣ, осорхонаи кишваршиносӣ ва театри драма дорад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.