From Wikipedia, the free encyclopedia
Атеросклероз (юн. athḗra, шӯла + sklḗrōsis, сахт[1]) — сахтшуди шараён, сахтшуди сурхраг, бемории музмини шараёнҳост, ки боиси тадриҷан танг шудани сурхраг ва ихтилоли фаъолияти онҳо мегардад.
Дар он қисми девораи шараён, ки аз атеросклероз осеб дидааст, ғайр аз ҳуҷайраҳо ва торҳои бофтаи фиброзӣ (хадшавӣ), холестерин низ ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, холестеринро сабаби инкишофи атеросклероз мепиндоштанд. Вале омӯзиши амиқи хусусиятҳои атеросклероз собит намуд, ки холестерин сабаби ягонаи атеросклероз буда наметавонад. Дар организми одам холестерин ба табаддулот дучор шуда, дар натиҷа пайвастҳое ҳосил мегарданд, ки ба воситаи онҳо аз девораи сурхpaг (шараён) гузаштани худи холестерин осон мешавад. Дар ин ҳолат ғилзати холестерин дар зардоби хун меафзояд. Ғилзати зиёди холестерин (гиперхолестеринемия) дар хуни бисёр бемороне, ки ба атеросклероз гирифтор шудаанд, омили номатлуб буда, боиси авҷи беморӣ мегардад. Дар пайдоиш ва инкишофи атеросклероз тағйироте, ки дар бофтаву ҳуҷайраҳои девораи шараён рух медиҳанд, инчунин амалиёти биокимиёвӣ мавқеи муҳим ва ҳатто ҳалкунанда доранд.
Хулоса, дигаргуниҳо дар қисмҳои алоҳидаи девораи шараён, нумӯи минбаъдаи бофтаҳои фиброзӣ ва ҷамъ шудани холестерину баъзе моддаҳои дигар ба инкишофи атеросклероз заминаи мусоид фароҳам меоранд. Азбаски атеросклероз суст (дар тӯли даҳсолаҳо) инкишоф меёбад ва ҷараёни беморӣ номунтазам аст, он бояд то охири умр пешгирӣ карда шавад. Тадбирҳои пешгирии атеросклероз аз иҷрои маслиҳат ва тавсияҳои табиб дар боби тарзи ҳаёти солим иборат буда, имкон медиҳанд, ки девораи шараён иллат нагирад ва холестерин аз ҳад зиёд ғун нашавад. Дил ва силсилаи рагҳо амалан дар ҳамаи аксуламалҳои одам нисбат ба ангезандаҳои муҳит ширкат дорад. Бинобар ин, изтироби силсилаи асабҳо боиси кори пуршиддати дил ва силсилаи рагҳо мегардад. Асабонӣ шудан ё азоби рӯҳӣ кашидан дар ҳаёти одам аз омилҳоеанд, ки ба силсилаи рагҳо беасар намемонад. Аз ин рӯ, дар зисту зиндагонӣ ва кор аз байн бурдани ҳолатҳои нохуш яке аз муҳимтарин омилҳои пешгирии атеросклероз аст. Бағоят суст шудани кори мушакҳо (гиподинамия), истеъмоли зиёди хӯроки серчарб ва серангиштоб, ки боиси фарбеҳшавӣ мегардад, камии витаминҳо дар хӯрок ва тамокукашӣ низ ба пайдоиши атеросклероз мусоидат мекунанд. Азбаски ҷигар ҷараёни мураттаби табаддулоти биокимиёвиро дар организм таъмин менамояд, барои кори муътадили он хӯрок бояд сервитамин бошад. Ғайр аз ин, дар баъзе мавридҳо парҳез лозим аст. Маҳз барои бартараф намудани таҳшинҳои атеросклерозӣ бештар истеъмол кардани равғани рустанӣ (офтобпараст, пахта, зайтун ва ғайра) муфид аст.
Пайдоиш ва инкишофи атеросклероз ба баланд шудани фишори хун низ вобастагӣ дорад. Худмуолиҷа (бо мақсади паст кардани фишори хун) оқибати нохуш дорад, зеро якбора паст шудани фишори хуни одамоне, ки ба атеросклероз гирифторанд, кори майна, дил ва дигарон узвҳоро иллатнок (ба иллати бо хун нағз таъмин набудан) мекунад. Диабети қанд аз қабили ҳамон бемориҳост, ки хурӯҷи онҳо инкишофи Атеросклерозро осон мегардонад. Чунин беморон бояд таҳти назорати доимии духтур бошанд. Атеросклероз бемории ирсӣ нест ва аз падару модар ба насл намегузарад, вале майл доштан ба он дар ҳақиқат ҳодисаи меросӣ аст. Бинобар ин, шахсоне, ки падару модарашон дучори атеросклероз шудаанд, бояд ин бемориро, албатта, пешгирӣ кунанд. Атеросклерози умумӣ (ҳамаи рагҳо) бемории маъмул нест. Дар ин беморӣ аксаран рагҳои мағзи cap, дил, гурда ва пой бештар осеб меёбанд. Дар мавриди бағоят афзудани тағйироти атеросклерозӣ дар рагҳои мағзи cap ихтилоли шадиди гардиши хун ба амал меояд, ки эҳтимол дорад бо сактаи мағзи cap анҷом пазирад. Дар натиҷаи атеросклерози рагҳои иклилӣ ва камхунии мушакҳои дил ноқисии иклилӣ ба вуҷуд меояд. Дар заминаи он мумкин аст зиқи дил ва сактаи дил ва иллатҳое мисли ин инкишоф ёбанд. Ҳангоми ба склероз гирифтор шудани шараёни пой мушакҳои соқ дард карда, пой бемадор ва роҳгардӣ мушкил мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.