Асрҳои байнияхбандӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Асрҳои байнияхбандӣ, интерглятсиал - фосилаи вақтии давраи яхбандӣ, ки асрҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Асрҳои байнияхбандӣ аз давраи яхбандӣ бо иқлими гарм, кам шудани масоҳат ё нобудшавии қабати ях дар арзҳои миёна фарқ мекунад. Давраи геологии ҳозир (антропогенӣ) бо таносуби 8:2 байни яхбандӣ ва асрҳои байнияхбандӣ ва давомнокии тақрибан 20 ҳазор сол мебошад. Иқлими Замин на ҳамеша бо ивазшавии Асрҳои байнияхбандӣ ва давраҳои яхбандӣ тавсиф мешуд. Мисоли иқлими гарми устувор давраи палеоген (давомнокиаш тақрибан 40 млн сол) мебошад.