From Wikipedia, the free encyclopedia
АСПЕРГИЛЛЁЗ, як навъ бемории сироятӣ. Ба аспергиллёз одам, парандагон, баъзе ҳайвонот ва рустаниҳо гирифтор мешаванд. Ангезандаи беморӣ занбӯруғҳои ҷинси аспергиллҳо (Aspergillus Mich.) мебошанд. Паҳнкунандаи он асосан ҳайвони касал аст. Дар мавриди аспергиллёзи одам бештар пӯст, луобпардаҳо, узвҳои дарун, хосса бронх ва шушҳо осеб меёбанд (ниг. Микозҳо).
Парандаҳо имкон доранд ҳангоми истеъмоли пасмондаи инкубатсия ва тухми палағдаи аз занбӯруғҳо сироятёфта касал шаванд. Ба мурғҳо додани хӯроки бесифат, тӯда-тӯда нигоҳ доштани онҳо ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ (санитарӣ) низ омили cap задани аспергиллёз аст. Мурғобӣ ва ғозҳо асосан баҳорон, бештар дар моҳи май, касал мешаванд. Аспергиллёз бемории хавфнок буда, ба хоҷагиҳои мурғпарварӣ зарари калони иқтисодӣ меоварад (баъзан 50–90%-и чӯҷаҳои касал нобуд мешаванд). Спораҳои занбӯруғ ба воситаи роҳҳои нафас ба организми ҳайвон дохил шуда, инкишоф меёбанд. Давраи ниҳонии аспергиллёз 3–10 шабонарӯз давом мекунад. Мурғи касал сусту беҳолат мешавад, ҳангоми нафасгирӣ гарданашро пеш ёзонда боло мебардорад, нӯлаш боз аст, аз биниаш оби кафкмонанд меравад. Гови бемор месурфад, кавша намекунад, бо душворӣ нафас мегирад, хиррос мезанад. Аспергиллёзи занбӯри асалро занбӯруғҳои аспергиллёзи flavus ва аспергиллёзи niger ба вуҷуд меоваранд. Ангезандаи он ба организми занбӯр бо гард ва шаҳди гул ворид мешавад. Дар натиҷа шиками занбӯр сахт ва ранги он зарду сабзтоб ё сиёҳ шуда мефавтад. Аспергиллёзи занбӯр бештар баҳорон ва зимистон ба вуҷуд меояд (ба авҷи беморӣ ҳавои хунук ва нам мусоидат мекунад). Аспергиллёз дар рустаниҳо низ дучор меояд. Масалан, аспергиллёзи ангур бо номи тосаки аспергиллёзӣ маълум буда, бештар дар навоҳии водии Вахш ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми он дар ғужби ангур доғҳои сафед пайдо мешаванд, ки минбаъд ранги онҳо тира мегардад; ғужб пӯсида мекафад, мағор мезанад ва сиёҳтоб мешавад.
Усулҳои пешгирӣ: фароҳам овардани шароити мусоиди беҳдоштӣ (санитарию гигиенӣ); додани хӯроки хушсифат, риоя намудани қоидаҳои байторӣ ва беҳдоштии хӯрокдиҳӣ; саривақт ба роҳ мондани дезинфексия; ба ҷойҳои хушку офтобрӯя гузоштани кандуҳо, иваз кардани шонҳои наслдори бо аспергиллёз сироятёфта, ба занбӯрҳо додани асал ё қандоб (17–19% об дорад).
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба ин &namespace=0 мақола пайванд надорад.
|
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.