From Wikipedia, the free encyclopedia
Ареометр (аз юн. araios — суст, дар ин ҷо — моеъ ва …метр) — абзорест барои чен кардани зичии моеъ ва ҷисмҳои сахт.
Ареометр дар асоси қонуни Архимед сохта шудааст. Ареометрҳо ду навъ мешаванд: собитвазн ва собитҳаҷм. Бо ареометрҳои собитвазн зичии моеи тадқиқшавандаро аз рӯи дараҷаи ба моеъ ғӯтидани ареометр, ки ҳаҷми моеи фишурда баровардаи онро нишон медиҳад, муайян мекунанд. Ба ареометрҳои собитвазн ареометрҳои шаклашон бо воҳидҳои зичӣ дараҷабандишуда: лактоденсиметр (барои чен кардани миқдори равғани шир), спиртометр (барои чен кардани миқдори спирт дар об), сахарометр (барои чен кардани миқдори қанди шарбат) ва ғайра мансубанд. Денсиметрҳоро аз шиша ё металл (барои ҳароратҳои баланд) месозанд. Ареометрро, одатан, барои ягон ҳарор. муайян (дар асбоб нишон дода мешавад) дараҷа мебанданд. Бо ареометри собитҳаҷми палладор зичии ҳам моеъ ва ҳам ҷисмҳои сахтро чен мекунанд. Дар ин навъ ареометр ҳаҷми қисми ба моеъ ғӯтидаи он як хел мемонад. Барои чен кардани зичӣ ареометрро ба моеъ то аломати гирда, ки ҳаҷми моеи фишурда баровардаи онро нишон медиҳад, меғӯтонанд. Зичиро аз рӯи массаи сангҳое, ки ба паллаи ареометр барои то аломати гирда ғӯтидани он гузоштан лозим мешавад, муайян мекунанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.