Арагонит
From Wikipedia, the free encyclopedia
Арагонит — минерал, формулаи химиявиаш CaCO3. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ, кристаллҳояш призмашакл ва сӯзаншакл. Агрегатҳояш аксар шӯшамонанд. Рангаш сафед, хокистарӣ, зардча, сабзи равшан ва бунафш. Ҷилояш шишагун. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 3,5 — 4; зичиаш 2900 — 3000 кг/м³. Арагонит минерали хоси минтақаи оксидшавии конҳои маъдан ва қабатҳои фарсудаи ҷинсҳои кӯҳӣ буда, дар таркиби таҳнишасти чашмаҳои гарми минералӣ ва ковокиҳои ҷинсҳои вулқонӣ ҳам вомехӯрад. Аз калсит бо системаи кристаллбандӣ ва зичиаш фарқ мекунад.
Quick Facts Арагонит, Физические свойства ...
Close