Арабистон (нимҷазира)
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Арабистон, нимҷазираи Арабистон (ар. شِبْهُ الْجَزِيرَةِ الْعَرَبِيَّة ё ар. جَزِيرَةُ الْعَرَب — ал-Араб) — бузургтарин нимҷазираи олам.
ар. شبه الجزيرة العربية | |
Кишвар | |
---|---|
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Gulf of Aqaba[d], Баҳри Сурх, Баҳри Араб, Халиҷи Форс, Уқёнуси Ҳинд, Strait of Hormuz[d] ва Gulf of Oman[d] |
Мавқеият | Arabian Plate[d] |
Баландтарин нуқта | Jabal an Nabi Shu'ayb[d] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Ҳаммарз бо | Шом ва Байнаннаҳрайн |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арабистонро дар ғарб Баҳри Сурх, дар ҷануб халиҷи Адан ва Баҳри Араб, аз арқ халиҷҳои Уммон ва Форс иҳота кардаанд. Масоҳ. 2,73 млн км². Хатти соҳилҳояш рост. Аз ҷиҳати релйеф, сохти геологӣ Арабистон як қисми платформаи қадими Африкаю Арабистон мебошад. Дар охири палеоген ва давраи неоген хамии Баҳри Сурх онро аз Африка ҷудо кард. Арабистон асосан аз варақсангҳои кристаллии архей ва аз ҷинсҳои хороӣ таркиб ёфтааст. Дар ноҳияҳои калони боқимонда ин ҷинсҳоро қабатҳои тунуки оҳаксанг ва регсанг пӯшондаанд. Тарқишҳои тектоникии ох. неогену авв. давраи чорумин, инчунин пайдо шудани вулқонҳои гунбазмонанд шакли релйефро тағйир додаанд. Дар нимҷаз. Арабистон массиву паҳнкӯҳҳои баландиашон 1000—2000 м, дар Ҷ. кӯҳҳои канории Асир ва Яман (баландиаш 3600 м), дар Шим. пастиҳо (Ал-Ҳасо, баландиаш камтар аз 200 м), қад-қади соҳили Баҳри Сурх биёбони Тиҳама воқеанд. Қариб дар тамоми нимҷаз. Арабистон биёбонҳои регзору санглох (Рубъ-ул-Холӣ, Даҳна, Нифуди Калон ва ғ.) доман паҳн кардаанд. Зуд-зуд чангбод, регкӯчӣ рух медиҳад. Дар Ш.-и Арабистон — соҳилҳои Халиҷи Форс калонтарин дар олам конҳои нефту газ мавҷуданд. Дар Баҳри Сурх моҳидорӣ ва шикори ҳайвоноти баҳрӣ ба роҳ монда шудааст. Иқлимаш тропикии хушк, дар Шим. — субтропикӣ. Ҳарорати янв. аз 7°С то 25°С, июл бештар аз 30°С, аз ҳама баландтараш 50° — 55°С. Боришоти солонаи минтақаи тропикӣ 100 мм. Водиҳои дарёҳои хушкида бисёр ба назар мерасанд. Дар қисми ҷан. ғарбии Арабистон ба сабаби вазидани бодҳои мавсимӣ боришоти солона то ба 700—900 мм мерасад. Дар кӯҳсор оби равон, дар қисми марказии ноҳ. Наҷд чашмаҳои карстӣ ва обҳои зеризаминӣ бисёранд. Дар баландии 1500—1800 м писта, дарахти зайтун, буттазори ҳамешасабз; дар воҳаҳо хурмо, қаҳва, дарахтони мевадор, гандум, ҷав, ҷуворимакка, арзан ва ғ. мерӯянд. Дар ҳудуди Арабистон Арабистони Саудӣ, Яман, Уммон, Кувайт, Қатар, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, қисми Ироқ ва Урдун ҷойгиранд. Шаҳрҳои калонтаринаш: Ар-Риёз, Макка, Адан, Санъо, Абузабӣ.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.