Антананариву
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Антананари́ву (то даҳаи 1970 Тананари́ве — шаҳри ҳазор ҷанговар, Та́на; малаг. Antananarivo) — пойтахти Мадагаскар, маркази маъмурии музофоти Антананариву.
Шаҳр | |||||
малаг. Antananarivo | |||||
|
|||||
18°56′19″ ю. ш. 47°31′17″ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Мадагаскар | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1625 | ||||
Номҳои пешина | Тананариве, Тана | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 1 276 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
web.archive.org/web/20070330230740/http://www.antananarivo.mg/ | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Антананариву дар қисми марказии ҷазираи Мадагаскар, дар пуштакӯҳҳо (1240—1470 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Аҳолиаш 895,3 (бо сокинони атрофаш 1,5 млн нафар, 2010). Маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва нақлиётии мамлакат.
Антананаривуро ибтидои садаи XVII шоҳи Имерина Андрианзака бино гузоштааст. Аз ибтидои садаи XIX — пойтахти Шоҳигарии Мадагаскар. Аз соли 1886 — маркази маъмурии Мадагаскар — мустамликаи Франсия (то соли 1960), аз 1975 — пойтахти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Демократии Мадагаскар.
Узели роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Роҳи оҳан Антананаривуро бо бандарҳои Таматаве ва Антсирабе пайваст мекунад.
Муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзор, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, полиграфӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дорад. Дар баландтарин мавзеи Антананариву — Рува қароргоҳи қадимии шоҳӣ, қасрҳои дарбор (1828) ва дар маркази шаҳр, атрофи кӯли Анусӣ биноҳои маъмурии замонавӣ, бошишгоҳи ҳукумат қомат афрохтаанд.
Дар Антананариву академияи илмҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, осорхонаи санъат ва меъморӣ, осорхонаи мусиқии миллӣ, осорхонаи таърихӣ (1897), бойгонии миллӣ, китобхонаи миллӣ, театрҳо, Боғи зооботаникии Тсимбазаза (1925), Донишгоҳи Мадагаскар, Хонаи радио мавҷуд аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.