From Wikipedia, the free encyclopedia
Жан Анрӣ Дюнан (фр. Jean Henri Dunant; 8 май 1828 — 30 октябри 1910) — соҳибкор ва арбоби ҷамъиятии швейтсарӣ. Ҷияни физик Жан-Дениэл Колладон. Ташаббускори аслии таъсиси созмони байналмилалии башардӯстонаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх.
фр. Jean Henry Dunant | |
Таърихи таваллуд: | 8 май 1828[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 30 октябр 1910[1][2][3][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | корофарин, нависанда, бунёнгузори созмон, бозаргон |
Забони осор: | фаронсавӣ[1][6] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар соли 1859 ӯ шоҳиди оқибатҳои ҷанги Солферино буд — вақте ки нуҳ ҳазор нафар беморону ярадор дар майдони ҷанг ба марг монданд. Дюнан аз дидааш дар ҳайрат афтода, китоби «Хотираҳои ҷанги Солферино»-ро навишт [7] ва кӯшиш мекунад, ки Ҷамъияти кӯмак ба захмиёнро таъсис диҳад. Ба шарофати саъю кӯшиши ӯ Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъсис дода шуд ва соли 1864 аввалин Конвенсияи Женева оид ба беҳтар намудани вазъи захмиён дар ҷангҳои хушкӣ гузаронида шуд . Дар соли 1901 дар якҷоягӣ бо Фредерик Пассии франсавӣ аввалин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид.
Зодрӯзи Анри Дюнан — 8 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мешавад.
Жан-Анри Dunant дар шаҳри Ҳайден (кантони (вилояти) Аппенсел-Аусерроден, Швейтсария), 30 октябри соли 1910 фавтид.
Соли 2006 дар бораи ӯ як филми бадеии телевизионии " Ҳенри Дюнан: Дю Руж сур ла кройс " ба навор гирифта шуд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.