From Wikipedia, the free encyclopedia
Америcий (лот. americium) — унсури химиявӣ, рақами атомиаш 95 буда бо рамзи Am ишора карда мешавад[1].
Дар ҷадвали даврии ҳозира замон, Америcий дар блоки f ва дар 3-юм гурӯҳи элементҳо ҷойгир мебошад.[2]
Элементи радиоактив, изотопи устувортаринаш 243Am (давраи нимкоҳишаш 7370 сол). Америтсийро соли 1944 олими америкоӣ Г. Сиборг дар натиҷаи бо нейтронҳо бомбаборон кардани плутоний ҳосил кардааст. Металли нуқрагун; ҳарор. гудозишаш 1173°С, ҳарор. ҷӯшишаш 2600°С, зичиаш 13,67 г/см3. Америтсий монанди дигар актиноидҳо аз нигоҳи химиявӣ фаъол мебошад. Дараҷаи оксидшавиаш +3 аст. Дар шароити муқаррарӣ бо оксиген ва нитроген, таҳти ҳарор. бо аксари ғайриметаллҳо, аз ҷумла бо гид- роген ба реаксия медарояд. Дар шароити гуногун пайвастҳои дараҷаҳои оксидшавиашон +1 — +7 ҳосил карда шудаанд. Пайвастҳои комплексии А. низ ҳосил гардидаанд.
Изотопҳои америтсий дар тадқиқоти атомӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Изотопи 243Am барои синтези баъзе изотопҳои нобелий (No), лоуренсий (Lr) ва нилсборий (Ns) дар Пажӯҳишгоҳи атомии шаҳри Дубнаи Русия истифода шуда буданд. Изотопи 241Аm, ки манбаи гамма-афканишот аст, барои сохтани асбобҳои ченкунанда истифода мегардад. Чунин асбобҳоро дар тиб низ кор мефармоянд. Mac., паҳншавии йодро дар ғадуди сипаршакли инсон бидуни дохили бадан кардани изотопҳои радиоактив ба воситаи асбоби дорои изотопи 241Аm метавон муайян кард. Бо чунин асбобҳо ҳангоми истеҳсол ғафсии тунукаҳои пӯлодӣ (аз 0,5 то 3 мм), алюминий (50 мм) ва шишаро метавон чен ва назорат намуд. Дар оянда А.-ро аз реакторҳои атомии бо нейтронҳои ҳароратӣ коркунанда метавон ба даст овард. Mac., ҳангоми фаъолияти реактори атомӣ бо иқтидори 1000 МВт соле то 7 кг изотопҳои 241Am ҳосил мешаванд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.